19:10 07 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.50
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
751 0 0

Дар Тоҷикистон минбаъд барои судяҳо ҳангоми гирифтани вазифа ва фаъолияти меҳнатӣ шарти нав ҷорӣ шуд

ДУШАНБЕ, 1 фев - Sputnik. Минбаъд судя ҳангоми таъйин (интихоб) шудан ба вазифа ва ҳангоми адои вазифа уҳдадор мешавад, ки ҳар сол бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Тоҷикистон мувофиқан ба Суди Олии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон эъломияҳо дар бораи даромад ва вазъи молумулкии худро пешниҳод намояд.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии дастгоҳи Маҷлиси намояндагони кишвар, шарти нав барои фаъолияти додрасҳои кишвар зимни баррасии Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Тоҷикистон “Дар бораи судҳои Тоҷикистон” дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон имрӯз муҳокима шуд.

Лоиҳаи Қонуни мазкур аз ҷониби раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Эмомалӣ Насриддинзода шарҳ дода шуд.

Насриддинзода зимни шарҳи қонун гуфтааст, ки он бо мақсади таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани нақши суд дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимояи манфиатҳои давлат, ташкилот, таъмини қонунияту адолат ва дар заминаи он такмили сохтор ва фаъолияти мақомоти судии мамлакат таҳия гардидааст.

Ёдовар мешавме, ки пешниҳоди эъломия дар бораи дороиҳои мансабдорони Тоҷикистон аз соли 2004 амал мекар, аммо соли 2020 ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шуд.

Тағйироти кадрӣ дар вазорати меҳнат: Имомназар Аюб вазифаи нав гирифт

Бар асоси тағйиротҳои ахир, мансабдорони вазифадоранд, ки дар бораи дороиҳояшон ҳатто гову асп ва парранда ба мақомот маълумот пешниҳод кунанд.

Барчаспҳо:
дороӣ, вазифа, Додгоҳ

Мавзӯъҳои асосӣ