23:19 08 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.50
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
454 0 0

Бино бар иттилои ахир, дар Тоҷикистон бештар аз нисфи муштариён симкортҳояшонро бо шиносномаи нав ба қайд гирифтанд

ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Дар Тоҷикистон тибқи иттилои ахир 4,5 миллион муштарӣ симкортҳояшонро бо шиносномаи нав, ID корти барориши соли 2014 сабти ном карданд. Дар ин бора Илҳомҷон Атоев, муовини Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар рафти нишасти матбуотӣ гузориш дод.

Ёдрас мешавем, як сол пеш президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарори тамдиди мӯҳлати сабтиноми симкортҳоро имзо карда буд.

Муштариён метавонанд то 15 феврали соли 2022 симкортҳояшонро бо шиносномаи нав ба қайд гиранд.

Хадамоти алоқа гуфт, дар Тоҷикистон чӣ қадар истифодабарандаи интернету симкорт ҳаст

Аввал мӯҳлати аз нав бақайдгирӣ то соли 2019 муқаррар шуда буд, сипас боз то соли 2020 дароз карданд ва билохира то соли 2022 мӯҳлат доданд.

Мавзӯъҳои асосӣ