19:52 06 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.50
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1040 0 0

Додситонии куллӣ Тоҷикистон парвандаи ҷиноии Хӯҷа Каримов маъруф ба Хӯҷа-Командирро ниҳоӣ кардаву ба додгоҳ ирсол кардааст

ДУШАНБЕ, 2 фев - Sputnik. Дар ин бора Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон рӯзи 2 феврал зимни нишасти хабарии ин ниҳод иттилоъ дод.

Номбурда гуфт, Хӯҷа Каримов дар "20 ҷинояти куштор айбдор дониста мешавад".

Парвандаи Хӯҷа Каримов ё “Хӯҷа-Командир” ҳанӯз соли 2008 оғоз шудааст. Ӯ бар асоси 7 банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла бандитизм, одамкушӣ, азобу уқубат, шиканҷа, гаравгонгирӣ ва ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳи оташфишон муттаҳам мешуд ва дар кофтукови расмӣ қарор дошт.

Хӯҷа Каримов яке аз фармондеҳони Фронти халқӣ буд, ки дар замони ҷанги дохилӣ ноҳияи Ғозималики собиқ (ҳоло Хуросон) ва навоҳии атрофи онро таҳти назорат дошт.

Маҳз дар ин айём гурӯҳи мусуллаҳи ӯ даст ба ҷиноятҳои зиёд, аз қабили куштор, сирқати амвол, одамрабоӣ ва ғайра мезанад, ки ҳукумати марказиро ба ташвиш меорад ва соли 1998 ӯро дар толори Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки Каримов узваш буд, боздошт мекунанд.

Аммо дере нагузашта ӯ раҳо шуд ва соли 2001 бо истифода аз нуфузи пуштибонҳои қавии худ аз пайгарди қонун ба хориҷ аз Тоҷикистон фирор кард.

Бино ба хабарҳои мухталиф, ӯ дар Малайзия сукунат мекард. 30 июли соли гузашта Хӯҷа ва муҳофизу мураббии русашро мақомоти Имороти Муттаҳидаи Араб дар шаҳри Дубай бо талаби мақомоти Тоҷикистон боздошт карданд, аммо ба шарти берун нарафтан аз манзил раҳо карданд.

Бино ба иттилои ғайрирасмӣ, Хӯҷа Командир дар Дубай чандин хона дорад ва ӯро борҳо дар Дубайу Шарҷа ва шаҳрҳои дигари Имороти Муттаҳидаи Араб дида буданд.

ВКД ҷинояти мудҳиши соли 1993 дар Хуросонро ошкор кард: дар соҳили дарё парронданд

Хӯҷа Каримовро дар оғози моҳи феврал аз Дубай ба Душанбе истирдод ва тафтиши парвандаашро оғоз карданд. Аз рӯи иттиҳомҳое, ки мақомот нисбат ба Хӯҷа Каримов эълон кардаанд, ба ӯ солҳои тӯлонии зиндон таҳдид мекунад.

Барчаспҳо:
парванда, додгоҳ, прокурор, додситон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ