Ҳавои ғализро таҳти назорат мегиранд: Тоҷикистон дидбонгоҳҳоро таҷдид мекунад

© Sputnik / Амир ИсаевТуман в Душанбе
Туман в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.02.2021
Обуна шудан
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон аз эҷоди дидбонгоҳҳои мушоҳидаи олудагии ҳаво хабар дод
ДУШАНБЕ, 02 фев — Sputnik. Баҳодур Шерализода, раиси ин ниҳод, зимни як нишасти матбуотӣ, хабар дод, ки дар саросари кишвар, аз ҷумла Душанбе 16 дидбонгоҳи назорати олудагии ҳаворо фаъол хоҳад кард.
Ба гуфтаи Шерализода, аз рӯи мушоҳидаҳои мо сатҳи олудагии ҳаво дар пойтахт аз меъёр хеле пойин аст ва мо нақша дорем, то моҳи майи соли равон дидбонгоҳҳои ҷадидро фаъол кунем, ки сатҳи олудагии ҳавои атмосфераро чен мекунанд.
"Мутахассисони Агентии обуҳавошиносӣ бо такя ба “бодҳои гулобӣ (суратӣ)” ва дигар меъёрҳо 5 нуқтаро дар шаҳри Душанбе ва 11 дидбонгоҳи дигарро дар шаҳру вилоёт ташхис кардаанд”, - гуфт Баҳодур Шерализода.
Назорати олудагии ҳавои атмосфера дар Тоҷикистон аз соли 1965 оғоз шуда, то соли 1990 дар 7 шаҳри Тоҷикистон 21 дидбонгоҳ барои муайян кардани 21 модда, аз ҷумла филизоти вазнине, ки ҳаворо олуда мекунанд, фаъолият доштанд.
Автомобильная пробка на дороге в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.01.2021
Пойтахтро ифлос мекунед: дар Душанбе 150 ронандаи боркашро ба ҷавобгарӣ мекашанд
Дар шаҳри Душанбе 7, Турсунзодаву Бохтар ва Хуҷанд – ҳар як 3, Ёвон - 2, Кӯлобу Леваканд ҳар як 1 дидбонгоҳ доштанд.
Дар ҳоли ҳозир, ду дидбонгоҳи мушоҳидаи олудагии ҳаво, яке дар мақарри Агентии обуҳавошиносӣ дар Душанбе ва дигаре, шаҳри Турсунзода фаъолият мекунанд, ки ҳолоти олудашавии ҳавои атмосфераро шабонарўзӣ назорат мекунанд.
Диловаршоҳ Дӯстзода, директори Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, мегӯяд, маъмулан шаҳру навоҳие дарбар гирифта мешаванд, ки мувоҷеҳ ба олудагии ҳавои атмосферӣ ҳастанд, бахусус аз ноҳияи саноат ва тавлидоти дигар.
“Таҷҳизоте, ки дар ин нукот насб мешаванд, худкор буда, ҳар 10 дақиқа аз ҳар 16 нуқтаи ҷумҳурӣ иттилоъро дар ихтиёри Агентӣ қарор медиҳанд. Ҳамаи онҳо аз сӯи як марказ ва сервер идора шуда, иттилоъи онҳо пас аз коркард манзури мутахассисон қарор мегирад”, - гуфт Диловаршоҳ Дӯстзода.
Тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, дидбонгоҳҳои мушоҳидаи олудагии ҳаво дар ҳудудҳои Боғи Айнӣ, Корхонаи нассоҷӣ, маҳаллаи Меҳробод (Калинин), кӯчаи Дӯстии Халқҳо ва минтақаи байни Саховату Гипроземи шаҳри Душанбе ба вуҷуд меоянд.
Ҷаримаи беш аз 30 ронанда дар Суғд: аз мошинашон дуди зиёд хориҷ мешуд
Ин манбаъ дақиқ накард, ки дар кадом шаҳру навоҳӣ дидбонгоҳҳои дигар роҳандозӣ мешаванд, аммо ба боварии огаҳони ҳол, онҳо дар шаҳрҳои Турсунзодав, Қурғонтеппа, Хуҷанд, Ёвон, Кӯлоб, Сарбанд, Айнӣ ва Истаравшан фаъол хоҳанд шуд.
Лентаи хабарҳо
0