21:00 05 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.50
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
675 0 0

Қосим Раҳбар, раиси Кумитаи рушди маҳал гуфт, танӯрсозӣ дар маҳалҳо ягон мушкилӣ надорад, танҳо бояд ҷои махсус ҷудо кард ва талаботҳои бехатариро риоя намуд

ДУШАНБЕ, 2 фев – Sputnik. Рӯзноманигорон дар рафти нишасти матбуотӣ аз раиси Кумитаи рушди маҳал Қосим Раҳбар дар бораи сохтани танӯр дар назди биноҳои баландошёнаи пойтахт пурсон шуданд.

Ӯ гуфт, то имрӯз монеае дар сохтани танӯрҳо дар маҳалҳо надидааст.

Ба қавли вай, се сол қабл дар шаҳри Хуҷанд чунин пешниҳод ҳам шуда буд, ки дар маҳалҳо ва ҳатто дар мактабҳои миёна танурҳои замонавӣ насб шуда, дар оянда кадбонуҳо тайёр кунанд.

Афзун бар ин Қосим Раҳбар таъкид кард, ки ин иқдомро ӯ дастгирӣ мекунад. Танҳо бояд ҷой ҷудо карда шавад.

"Агар ташаббус нишон дода, ҷой ҷудо карда шавад, он дар сатҳи маҳал бояд амалӣ карда шавад. Ман ин чизро дастгирӣ мекунам ва дар ягон ҷой монеагии сахт надидам", - қайд кард раиси кумита.

Гуфта мешавад, ангораи танӯрҳои маҳаллӣ вобаста ба шакли хона ва маҳаллаҳо бо риояи гигиена, дудбаро ва ғайра дар Кумитаи сохтмон ва меъморӣ вуҷуд доранд. 

"Ҳангоми сохтани майдончаҳои варзишӣ дар назди биноҳои баландошёна барои танӯр ҳам ҷой бояд ба назар гирифта шавад. Танӯр дар маҳалҳо, хусусан ба мардуми тоҷик зарур аст", — хулоса намуд саранҷом Қосим Раҳбар.

Аҳмадзода: танӯру либосҳои овезон симои Душанберо доғдор мекунанд

Ин дар ҳолест, ки соле пеш мақомоти Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон таъкид намуданд, ки бунёди танӯри нонпазӣ дар назди манзилҳои шаҳри Душанбе ҳусни пойтахтро доғдор карда, ҳавои шаҳрро олуда мекунад.

Гуфта мешуд, чунин мамнӯъият ба шаҳраку марказҳои ноҳияҳо рабте надорад ва дар он ҷо аз рӯи макети ин кумита бунёди танӯрҳои нонпазӣ иҷозат аст.

Мавзӯъҳои асосӣ