07:39 04 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.64
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
918 0 0

Роҳбари Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, Абдулмаҷид Мӯъминзод дар бораи ба се қисмат тақсим шудани ширкати бузурги барқии кишвар гуфт ва тавзеҳ дод, ки барқ боз гарон мешавад ё не

ДУШАНБЕ, 3 феврал - Sputnik. Роҳбари Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, Абдулмаҷид Мӯъминзод дар рафти нишасти матбуотӣ ба суоли хабарнигорон дар бораи тарифи нави барқ дар соли 2021 посух гуфт.

Намояндагони расонаҳо аз мавқуф гузоштани тарифи нави барқ дар Тоҷикистон бинобар пандемия дар соли 2020 ёдрас шуданд.

Ҷаноби Мӯъминзод гуфт, ки феълан "Барқи тоҷик" дар бораи тарифи нав пешниҳоде накардааст ва шарҳ дод, ки дар кишвар чигуна нархи барқ тағйир дода мешавад.

"То ҳол "Барқи тоҷик" тарифи нав пешниҳод накардааст. Аслан тарифи нерӯи барқ бо қарори Ҳукумат тасдиқ мегардад, ҳарчанд ташаббус аз ҷониби мақомоти дахлдор мешавад", - тавзеҳ додааст раиси хадамот. 

Ҳамчунин Мӯъминзод ёдрас шуд, ки дар "Барқи тоҷик" тағйироти сохтор анҷом дода шуд ва он ба се қисмат тақсим гардид. 

"Ин раванд дар ширкат ҳоло идома дорад. Раисонро таъйин карданд ва феълан тақсимоти воситаҳои асосии ширкат идома дорад", - гуфт ӯ.

Мӯъминзод таъкид кард, ки баъди пурра ба анҷом расидани ин раванд маълум хоҳад шуд, ки минбаъд ширкат ба феҳристи Хадамоти зиддиинҳисорӣ дохил мешавад ё не.

Ҳоло нархи як киловатт/соат нерӯи барқ барои аҳолӣ 22,66 дирам (2,3 сент) аст. Ба ҳисоби "Барқи Тоҷик", нархи ҳар як киловатт/соат барқи тавлидкардааш 28 дирам (2,8 сент) арзиш дорад, вале ба ҷойи фоида зарар мебинад.

Дар зимн, пештар Бонки Осиёии Рушд хоҳони боло бурдани нархи нерӯи барқ дар Тоҷикистон шуда буд. Тобистони 2020 Бонки Ҷаҳонӣ низ барои устувории молии “Барқи Тоҷик” 134 миллион доллар грант ё кумаки билоиваз дод ва низ як шарти он тадриҷан гарон кардани нархи нерӯи барқ буд.

Дастури қатъии Раҳмон ба вазорат ва "Барқи тоҷик": нигаронӣ аз ҷамъоварии пули барқ

Вазъи молиявии "Барқи Тоҷик", ширкати монополисти давлатӣ дар бозори нирӯи барқ, солҳост, ки ногувор мемонад. Дар соли 2020 қарзи ширкат ба беш аз 26 миллиард сомонӣ (беш аз 2 миллиарду 500 миллион доллар) расид.

Барчаспҳо:
нарх, Барқи тоҷик, барқ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ