01:58 03 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.60
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
190 0 0

Прокуратураи вилояти Хатлон эълон доштааст, ки нисбати 112 мансабдор ва хизматчии давлатӣ барои ғайриқонунӣ додани қитъаи замин парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудаст

ДУШАНБЕ, 3 фев - Sputnik. Ба нақл аз сомонаи “Фараж”, зимни нишасти хабарии Прокуратураи вилояти Хатлон таъкид гардидааст, ки дар соли 2020 дар вилояти Хатлон аз ҷониби кормандони прокуратураи вилоят 272 қарори раисони шаҳру ноҳияҳо бекор карда шудааст, ки бештараш ба қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳои Қубодиён, Шаҳритус ва Кӯлоб рост меояд.

Бино бар иттилои манбаъ, Прокуратураи вилояти Хатлон соли гузашта нисбати 112 мансабдор ва хизматчии давлатӣ барои ғайриқонунӣ додани қитъаи замин парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз кардааст.

“Соли гузашта дар самти назорати замин дар бораи бартарафсозии қонунвайронкуниҳо 116 санҷиш гузаронидаву 3 ҳазору 711 санади прокурорӣ бароварда шуддаст”, - зикр шуд дар нишасти матбуотӣ.

Инчунин қайд карда шуд, ки бо баррасии санадҳои эътиноии прокурорӣ  2 ҳазору 92 нафар ба ҷавобгарии моддӣ, интизомӣ, ва маъмурӣ кашида шуда, ба 445 санади ғайриқонунии шахсони мансабдор эътироз оварда шуда, онҳо қонеъ карда шуданд.

Зимни нишасти матбуотӣ зикр шуд, ки барои ғайриқонунӣ додани замин, худсарона ишғол кардани қитъаи замин ва дигар ҷиноятҳо 391 парвандаи ҷиноятӣ, аз ҷумла нисбати 112 мансабдор ва хизматчии давлатӣ оғоз карда шудаст. Дар давраи ҷамъбастӣ шумораи умумии санадҳои эътиноӣ нисбати соли 2019-ум 1 ҳазору 155 адад, парвандаҳои ҷиноятӣ 81 адад зиёд гардидаст.

“Бо санадҳои эътиноии прокурорӣ масоҳати 4120 га қитъаи замини худсарона ишғолшуда ва ғайриқонунӣ тақсимгашта ба ҳолати аввала баргардонида шуд”, — қайд гардид дар нишаст.

Ҳамзамон зимни нишасти матбуотӣ итилоъ дода шуд, ки дар натиҷаи як санҷиши гуруҳи кории Прокуратураи вилоят дар ноҳияи Ёвон зиёда аз 300 лаҳзаи ғайриқонунӣ ҷудо кардани замин, сохтакории хизматӣ, аз як гуруҳ ба гуруҳи  дигар гузаронидани заминҳо ва суистифода  аз ваколатҳои мансабӣ аз ҷониби шахсони мансабдори мақомоти иҷроияии ҳокимяти давлатӣ ва Кумитаи замин ошкор карда шуда, нисбати 12 мансабдор парвандаҳои ҷиноятӣ  ба суд ирсол крада шуда, боқимонда парвандаҳои ҷиноятӣ дар арафаи анҷомёбии тафтиши  пешакӣ қарор доранд.

Дар нишасти хабарӣ қайд гардид, ки дар ноҳияи Ёвон аз як замини мактаб ба 40 нафар шаҳрванд ғайриқонунӣ қитъаи замин дода шудаст.

Барчаспҳо:
ҷиноят, парванда, ғайриқонунӣ, мансабдор, Хатлон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ