Камбуди 3,5 миллион доллар дар як филиали “Амонатбонк”

© Sputnik Отделение банка "Амонатбонк"
Отделение банка Амонатбонк - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.02.2021
Обуна шудан
Палатаи ҳисоби Тоҷикистон хабар дод, ки дар яке аз филиали “Амонатбонк” дар шаҳри Душанбе давоми се сол маблағи калонро ғайримақсаднок истифода шудааст
ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Ҳангоми санҷишҳои нақшавӣ дар яке аз филиалҳои “Амонатбонк” дар Душанбе камбудиҳои ҷиддии молиявӣ ошкор гардид, иттилоъ дод Палатаи ҳисоб Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ.
Гуфта мешавад, ки аз соли 2018 то семоҳаи аввали соли 2020 дар ин филиал ҳудуди 41,1 миллион сомонӣ (3,6 миллион доллар) камбудӣ ошкор шудааст.
Мужчины с портфелем в руке. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.01.2021
Се миллион “доля”-и бонкдор Исоев аз Ғуломовҳо барои интиқоли ғайриқонунии 150 миллион
Қайд шудааст, ки боз 2,1 миллион сомонӣ (184 ҳазор доллар) барои истифодаи ғайримақсаднок равона шудааст.
Ба иттилои манбаъ, ҳамакнун 23,6 миллион сомонии он маблағ барқарор шудаааст.
Аз рӯи ин амали кормандони "Амонатбонк", ба Додситонии кулли Тоҷикистон санад пешниҳод шуда, нисбати мудири шуъба, сармуҳосиб ва хазинадори филиали шумораи панҷуми ин бонк дар Душанбе, парванда боз шудааст. Ба гуфтаи мақомоти Палати ҳисоб, ин афрод ҳамакнун дар боздошт қарор доранд.
"Амонатбонк" дар гузашта барои роҳ додан тақаллуб танқид шуда буд. Ёдрас мешавем, ки моҳи январи соли 2019 низ Палатаи ҳисоби бархе аз кормандони "Амонатбонк"-ро ба дуздии маблағ ва пасандозони муштариён муттаҳам карда буд.
Қаблан низ Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ду масъули бонки давлатии "Амонатбонк"-ро барои интиқолу мубодилаи ғайриқонунии маблағҳои ин ниҳоди молӣ боздошт намуда буд. Ин ду нафар дар бинои асосии бонк дар шаҳри Душанбе фаъолият доштаанд.
"Амонатбонк" бузургтарин бонки давлатии Тоҷикистон аст.
Лентаи хабарҳо
0