19:21 06 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.50
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
96 0 0

Канали Фарғона бо истифода аз 6 адад техникаҳои муҳандисии корхонаи воҳиди давлатии беҳдошти замин ва бо ширкати аҳолии шаҳр тоза карда мешавад

ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Дар шаҳри Конибодом бо ташаббуси бахши Раёсати вилоят ва бо дастгирии иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Абдусалом Тӯхтасунзода зери иқдомизери иқдоми "Пешгирии ҳолатҳои фавқулода беҳтар аст, аз бартарафсозии он!" мавзеъҳои осебпазири канали калони Фарғона тоза карда шуд.

КҲФ мегӯяд, ин иқдом ҳам барои паст кардани хавфи офатҳои табиӣ ва ҳам тозаву озода нигоҳ доштани муҳити экологӣ роҳандозӣ гардида, аз ҷониби сокинони шаҳр низ хуш пазируфта шуд.

Корҳои соҳилбандиву мустаҳкамкунӣ асосан дар 25000 метри мукааб мавзеъҳои осебпазир ба нақша гирифта шуда, қариб 80% корҳо ба анҷом расонида шуданд.

Тибқи иттилои Кумита, корҳои мазкур бо истифода аз 6 адад техникаҳои муҳандисии корхонаи воҳиди давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ ва бо иштироки аҳолии шаҳр сурат мегиранд.

Зиндагии 600 хонавода дар минтақаҳои хатарнок дар Тоҷикистон

Манбаъ афзуд, ки канали мазкур асосан дар мавсими объёрӣ ҷиҳати беҳтар намудани вазъи обрасонӣ ба заминҳои полезӣ истифода бурда мешавад.

Барчаспҳо:
тоза кардан, ноҳияҳои хатарнок, минтақаи хатарнок, мавзеъҳо, Конибодом

Мавзӯъҳои асосӣ