14:12 28 феврали 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.69
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
80 0 0

Ожонси обуҳавошиносӣ мегӯяд, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво камабр ва тағйирёбандаи бебориш шуда, ҳарорат ба 14+19 дараҷа мерасад

ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Дамои ҳаво дар аксар минтақаҳои ҷумҳурӣ то 19 дараҷа гарм мешавад, хабар медиҳад агентии Ховар бо такя ба маълумоти Ожонси ҳавошиносӣ.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар ВМКБ ҳаво камабр шуда, дар ғарби вилоят шабона 4-9 дараҷа сард ва рӯзона то 5 дараҷа гарм мешавад. Дар қисмати шарқии ин вилоят бошад, Рӯзона 5 -10 ва шабона 20-25 дараҷа ҳаво хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд низ камаб мешавад. Дар водиҳо шабона 5 дараҷа ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 7-12 дараҷа хунук  ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм  мешавад.

Дар водиҳои вилояти Хатлон шабона 5 дараҷа ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ҳаво шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.

Бӯи баҳор меояд: имрӯз дар Тоҷикистон то 19 дараҷа гарм мешавад

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона  аз 1 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 14+16 дараҷа гарм мешавад.

Барчаспҳо:
Ожонси обуҳавошиносӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ