20:20 06 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.50
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
401411

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода қазияи кордкашии донишҷӯ дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Ба гуфтаи вазир, дар ҳодисаи рухдода ҷурми декан ҳам истисно намешавад.

Рӯзноманигорон аз вазири маорифи Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода пурсон шуданд, ки ба ҳодисаи пурсарусадое, ки дар Донишгоҳи технологии кишвар рух дод, чӣ назар дорад.

Имомзода дар посух гуфт, ки ин ҳодиса боиси нигаронии вазорат гашт ва дар ин гуна ҳолатҳо наметавонад танҳо як нафарро муҷрим шиносад.

"Муассиса аз ду қисмат иборат аст: омӯзгор ва донишҷӯ. Инҳо ҳарду бо ҳам тавъаманд. Вақте донишҷӯ нисбати устод чунин муносибат мекунад - бад аст, вақте устод ягон муносибати ноҷо нисбати донишҷӯ дошта бошад, ин ҳам бад аст", - таъкид мекунад вай.

Дар ҳамин ҳол рӯзноманигорон вазирро пурсиданд, ки оё маълум аст, ки донишҷӯ бо кадом сабаб даст ба ин амал задааст. Вазир посух гуфтааст, ки ҳоло он иттилое, ки дорад, яктарафа аст ва то тафтиши пурраи ҳодиса аз ҷониби мақомот ба хулосае омада наметавонад.

"Ҳоло мақомотҳои марбута ин ҳолатро тафтиш доранд, лекин барои мо ҳарду ҳам баданд. Он чизҳое ки мо шунидем якҷониба аст, лекин ман мехостам ҷониби донишҷӯро низ шунавам", - таъкид кард вай.

Ба гуфтаи Имомзода, вақте санҷиш ба итмом мерасад, ин масъаларо дар сатҳи тамоми донишгоҳҳо баррасӣ мекунад.

Ёдрас мешавем, дар бораи ҳодисаи коркашии донишҷӯ дар саҳни донишгоҳи технологии Тоҷикистон нахустин шуда Sputnik Тоҷикистон гузориш дода буд.

Бино ба иттилои дарёфтии Sputnik Тоҷикистон, бегоҳии 28 январ як донишҷӯ, Музаффар Имомназаров, декани факултаи менеҷменти байнулмилалӣ ва маркетингро барои нагузоштани баҳои триместр ва иҷоза надодан ба имтиҳонҳо бо кор зада маҷрӯҳ кардааст.

Вақте донишҷӯ имтиҳонҳои трисместрро намесупорад, декан падарашро ба сӯҳбат даъват мекунад. Донишҷӯ деканро таҳдид мекунад, ки мекушам ва бо корд таҳдид мекунад. Ӯ дар саҳни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон деканро корд зада, фирор мекунад. Деканро ба вазнинхонаи шифохонаи Қарияи Боло интиқол медиҳанд.

Дертар милисаи Душанбе аз боздошти донишҷӯи кордкаш хабар дод.

Барчаспҳо:
донишҷӯ, декан, кордкашӣ, донишгоҳ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ