Завқизода ба намояндагони СММ : барқи Тоҷикистон "тоза" аст

© Sputnik / Амир ИсаевМинистр экономики Таджикистана Завки Завкизода
Министр экономики Таджикистана Завки Завкизода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.02.2021
Обуна шудан
Завқӣ Завқизода вазири рушди иқтисод ва савдо дар нишасти маҷозие бо намояндагони СММ гуфт, ки барқи истеҳсолкардаи Тоҷикистон аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошад
ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Созмони миллали муттаҳид дар бораи рушди устувори саноати истихроҷ дар шакли онлайн мизи мудаввар баргузор кард, ки дар ифтитоҳи он вазири рушди иқтисод ва савдо Зақӣ Завқизода иштирок кард.
Линия электропередачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.01.2021
Шабдолов роҳи ҳалли камбуди барқ дар Тоҷикистонро нишон дод: ин "Роғун" нест
Завқизода дар мизи мудаввар масъалаи истеҳсоли барқро ба миён гузошта гуфт, барқи Тоҷикистон "тоза" аст.
Вай далели тозагии барқро ба истеҳсоли он тариқи нерӯгоҳҳои оби барқӣ рабт дод.
Вай гуфтт, Тоҷикистон дар назди худ ҳадафҳои истифодаи энергияи тоза, аз ҷумла татбиқи сиёсати коҳиш додани истифодаи ангишт, гузариш ба истеҳсоли энергия аз манбаҳои барқароршаванда ва технологияи каммасраф гузоштааст.
"Неруи барқи Тоҷикистон аз ҷиҳати экологӣ тоза ба шумор меравад, зеро 98 фоизи неруи барқ тавассути неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол карда мешаванд", - таъкид кард вай.
COVID-19 ба сохтмони НБО “Роғун” таъсир накард: корҳо тибқи нақшаи муқаррарӣ идома доранд
Тибқи ҳисоботи Бонки ҷаҳонӣ, Тоҷикистон аз рӯи истифодаи энергияи тоза дар ҷаҳон ҷои 6-умро ишғол менамояд. Дар умум Тоҷикистон дар самти татбиқи принсипҳои иқтисоди "сабз" ва ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор бомаром тадбирҳо андешида истодааст.
Лентаи хабарҳо
0