00:46 05 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.61
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
137 0 0

Эмомалӣ Раҳмон дар таҷлили ҷашни Сада дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ширкат карду гуфт, чӣ гуна мешавад амнияти озуқавориро таъмин кард

ДУШАНБЕ, 5 фев— Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни таҷлили ҷашни Сада, ки дар саҳни чойхонаи Муассисаи давлатии Қасри Арбоб дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барпо шуд, кишоварзонро ба меҳнати ҳалол даъват кард.

Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, ба таъкиди кишвардори Тоҷикистон, Сада аз зумраи ҷашнҳои миллии мо буда, асосан ба кишоварзон рабт дорад, зеро марди деҳқон бо таҷлили ин иди ниёгон ба кишту кори баҳорӣ омодагӣ мебинад ва шаш сол аст, ки дар саросари кишвар баргузор карда мешавад.

“Ҳама ба ҳоли худ саргардон. Соли вазнин хоҳад буд”: нигарониҳои Раҳмон аз соли 2021

Зимни тамошои намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, ки аз 18 шаҳру навоҳии вилояти Суғд ҷамъоварӣ шудааст, Эмомалӣ Раҳмон ба натиҷаҳои фаъолияти аҳли заҳмат ва дастовардҳои бузурги меҳнатии онҳо баҳои баланд дода, рушди соҳаи кишоварзиро омили муҳими таъминкунандаи амнияти озуқаворӣ арзёбӣ кард.

Ба иттилои манбаъ, дар хоҷагиҳои боғпарварии вилоят соли сипаришуда иловатан 657 гектар боғу токзори нав бунёд карда шудааст ва ҳаҷми истеҳсолот сол то сол зиёд карда мешавад.

"Танҳо бо меҳнати ҳалолу фидокорона ва иҷрои иқдомҳои бобарори Ҳукумати ҷумҳурӣ мо метавонем ба татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат - таъмини амнияти озуқаворӣ бирасем ва бо ин восита сатҳи зиндагии мардумро беҳтар намоем", - гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон.

Дар намоишгоҳ аз ҷониби кормандони Иттифоқи ҷамъиятҳои матлубот намоиши маҳсулоти нонӣ ташкил гардида, корхонаҳои хӯроквории вилоят навъҳои гуногуни шириниҳоро ба маъраз гузоштанд.

Ҳамчунин, дар намоишгоҳи идона аз ҷониби Ассотсиатсияи занбӯрпарварони вилояти Суғд асали хушсифати табиӣ пешниҳод гардид. Ба иттилои масъулин, бо дарназардошти зиёд будани талаботи аҳолӣ ба асал ҳамасола дар хоҷагиҳои занбӯриасалпарварӣ оилаҳои занбӯр зиёд ва ҳаҷми истеҳсол низ бамаротиб боло бурда мешавад.

Зимни суҳбат бо занбӯрпарварон, Президент дастур дода, ки бо ворид кардани зотҳои серҳосили занбӯри асал оилаҳои онро афзоиш дода, истеҳсоли асалро ҳам барои содирот ва ҳам барои таъмини бозори дохилӣ бештар намоянд.

Дар ҷашни Садаи имсола, намоиши техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ низ ташкил карда шуд.

Зарбаи ногаҳонӣ: чӣ гуна коронавирус Тоҷикистонро дар қарз ғӯтавар кард

Манбаъ афзуда, ки барои шодию фараҳи иштирокдорон гурӯҳи ҳунармандони хушсалиқаи вилоят намоиши театрикунонидашударо ба ифтихори ҷашни Сада пешниҳод гардониданд.

Дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва ба ифтихори ҷашни Сада ҳунармандони 18 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд маҳсули дастранҷи худро ба намоиш гузошта, дар гӯшаҳои алоҳида дастовардҳои меҳнатии худро ба таври шоиста муаррифӣ карданд.

Барчаспҳо:
Эмомалӣ Раҳмон, ҷашн, Суғд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ