Кумаки техникӣ ба КҲФ: ду мошин ва 50 дастгоҳи мухобиротии муосири сайёр - видео

Обуна шудан
Ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ду мошин ва 50 дастгоҳи мухобиротии муосири сайёр тақдим шуд
Маросими супоридани таҷҳизот, 5 феврал дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода баргузор гардид.
Столица государства Катар - Доха, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.04.2019
Қатар ба КҲФ Тоҷикистон барои харидории таҷҳизоту омузиши мутахассисон кумак хоҳад кард
Бино ба гузориши КҲФ, таҷҳизот дар доираи ҳамкории идораи наҷот бо Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар самти пешгирӣ ва рафъи офатҳои табиӣ ва лоиҳаи муштараки БОР "Лоиҳаи миллии идоракунии хатари офатҳо" тақдим карда шудааст.
Дар маросим Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, генерал-лейтенант Рустам Назарзода ва сарвари Дафтари намояндагии САҲА дар шаҳри Душанбе Валериу Кивер ширкат кардаанд.
Сарвари КҲФ дар суханронии худ махсусан ҳамкориҳои судманди дуҷонибаро бо Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе қайд карда барои воситаҳои мухобиротии супурдашуда изҳори сипос намудааст.
Вай таъкид кардааст, ки ин техника бешак барои наҷоти бисёр одамон кумак мекунад ва кори кормандони идораи наҷотро дар ҳолатҳои изтирорӣ сабук месозад.
"Кумаки расида ин танҳо воситаҳои зарурии техникӣ нест, пеш аз ҳама он дастгирии назаррас барои беҳтар намудани кор дар самти расонидани кумак ба аҳолӣ мебошад", - қайд кард Рустам Назарзода.
Дар навбати худ, Роҳбари САҲА ҷаноби Кивер таъкид карда, ки САҲА минбаъд ҳам дар самти пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ бо идораи наҷот ҳамкорӣ хоҳад кард.
Лентаи хабарҳо
0