23:47 28 феврали 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.69
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
942 0 0

Рӯзи шашуми феврал Рӯзи байналмилалии пешхизмат (бармен) буда, дар ин рӯз дар Олмон бақайдгирии ҳатмии никоҳи шаҳрвандон ҷорӣ карда шуд

Рӯзи 6 феврал дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1875 дар Олмон бақайдгирии ҳатмии никоҳи шаҳрвандон ҷорӣ карда шуд.

Соли 1894 шаҳрвандони вилояти Онтариои Канада барои манъ кардани нӯшокиҳои спиртӣ овоз доданд.

Рӯзи 6 феврал дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2008 аввалин шумораи рӯзномаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Қонун ва ҷомеа" нашр шуд.

Соли 2012 дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилотии вилоятҳо ва шаҳрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба якбора паст шудани ҳарорати ҳаво барои хонандагони аз синфи 1 то 11 (барои се рӯз) дарсҳо боздошта шуданд.

Соли 2012  дар таваллудхонаи шаҳрии №3- и шаҳри Душанбе шаҳрванди 8-миллионумини Тоҷикистон ба дунё омад.

Соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои XXII зимистонаи олимпӣ ба шаҳри Сочии Федератсияи Россия сафар карданд.

Соли 2014 доир ба мубодилаи санадҳои тасвибии созишномаи байнидавлатӣ дар бораи шароит ва муҳлати будубоши пойгоҳи низомии Россия дар Тоҷикистон протокол ба имзо расид.

Соли 2015 дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон даври ниҳоии озмуни «Беҳтарин корманди оперативӣ» баргузор гардид.

Соли 2017 дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар баъди анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бо ҷинояткорӣ ва таъмини амният ба имзо расид.

Ҷашнҳои рӯзи 6 феврал

  • Рӯзи байналмилалии пешхизмат (бармен).

Рӯзи 6 феврал дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1928 — Расул Ҳодизода, доктори илмҳои филологӣ. 

Соли 1938 — Одина Мирак, шоир.

Барчаспҳо:
Ҷаҳон, Тоҷикистон, ҷашн

Мавзӯъҳои асосӣ