08:50 02 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.62
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
696 0 0

Дар пайи қабули ин пешниҳод пардохти пули хариди манзит ба ширкатҳои сохтмонӣ танҳо тавассути бонкҳо сурат хоҳад гирифт

ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон мегӯяд, пешниҳоди пардохт барои хариди манзил тавассути бонҳоро мавриди баррасӣ қарор додааст

Роҳбари Кумитаи меъморӣ ва сохтмони ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Зубайдзода зимни нишасти хабарие гуфт, баҳси ислоҳот ба қонунгузории ҷумҳурӣ бо мақсади рафъи хатарҳо ҳангоми хариди манзил дар биноҳои нав идома дорад.

Ба гуфтаи вай, ҳангоми баррасии ин масъала таҷрибаи бархе аз кишварҳо, аз ҷумла Қазоқистон омӯхта мешавад. Аз ҷумла, пешниҳод карда мешавад, ки пардохти пули манзилҳо тавассути бонкҳо ва сабти ном тавассути нотариусҳо сурат мегирад.

Зубайдзода инчунин қайд кард, ки ҳолатҳое бештар рух медиҳанд, ки саҳмдорон пас аз пардохт дар хариди манзил мушкилот доштанд, мушкилот дар сабти ном ва ё нотамом мондани хонаҳо мешаванд.

"Дар солҳои охир 23 бинои истиқоматӣ нотамом монданд. Намунаи он ширкати "Мовароуннаҳр" бо лоиҳаҳои нотамоми он буд. Танҳо пас аз дастгирии Ҳукумати шаҳри Душанбе ва дигар ширкатҳои сохтмонӣ, сохтмони ин хонаҳо ба анҷом расид", - гуфт ӯ.

Дар соли 2020 ба бахши сохтмон беш аз 1,1 миллиард доллар сармоягузорӣ равона шуд 

Тибқи маълумоти Кумитаи меъморӣ ва сохтмони ҷумҳурӣ, дар кишвар, дар маҷмӯъ, 2108 ширкат иҷозатномаи сохтмонӣ доранд, ки 53-тои онҳо ширкатҳои хориҷӣ, аз ҷумла ширкатҳои Туркия ва дигар кишварҳо мебошанд. Соли 2020 дар кишвар 1 миллиону 383,9 ҳазор метри мураббаъ манзил ба истифода дода шуд.

Мавзӯъҳои асосӣ