Ба сокинони деҳаҳои Тоҷикистон тавсия медиҳанд, ки хонаҳои 2 ва 3-ошёна созанд

© Sputnik / Амир ИсаевСтроительство аквапарка в Варзобе
Строительство аквапарка в Варзобе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.02.2021
Обуна шудан
Ба сокинони деҳоти Тоҷикистон тавсия дода мешавад, ки хонаҳои 2 ва 3 ошёна бисозанд
ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Роҳбари Кумитаи меъморӣ ва сохтмони ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Зубайдзода зимни як нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон гуфт, дар ин бора фармони ҳукумати ҷумҳурӣ аз соли 2018 мавҷуд аст, ки дар он ба сокинон тавсия дода мешавад, хонаҳои ду ё сеошёна бисозанд.
Связка ключей от квартир многоэтажного жилого дома, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.02.2021
Кумитаи меъморӣ пардохти хариди манзил тавассути бонкҳоро баррасӣ дорад: шарҳи Зубайдзода
Ба иттилои манбаъ, чунин тавсия бо назардошти афзоиши аҳолӣ ва норасоии замин дар кишвар дода шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, ин тавсия нисбати шахсоне татбиқ хоҳад шуд, ки биноҳои нави истиқоматӣ месозанд. Лоиҳаи чунин хонаҳо таҳия ва ба ноҳияҳо ройгон дода шудааст.
Тибқи маълумоти Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, аз 65 шаҳру ноҳия нақшаи генералии 64-тои онро тасдиқ кардаанд. Бар асоси ин нақшаҳои генералӣ, дар марказҳои вилоятӣ ва шаҳрҳо сохтани биноҳои истиқоматӣ ва дигар объектҳои камтар аз 5 ошёна манъ аст. Дар ҳама шаҳру ноҳияҳо шабакаҳои обтаъминкунӣ ва канализатсия таҳия ва тарҳрезӣ шудаанд.
"Ба анҷом расонидани таҳияи нақшаи генералии минтақаи Данғара боқӣ мондааст. Ин кор дар ояндаи наздик ба итмом мерасад ва барои омӯзиш ба ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод карда мешавад", - қайд кард Зубайдзода.
Тағйироти кадрӣ дар Кумитаи меъморӣ: Эмомалӣ Раҳмон масъулинро ҷо ба ҷо кард
Қаблан хабар дода мешуд, ки тақрибан 70% аҳолии Тоҷикистон дар деҳот зиндагӣ мекунанд.
Соли 2020 дар кишвар 1 миллиону 383,9 ҳазор метри мураббаъ манзил ба истифода дода шуд.
Лентаи хабарҳо
0