18:17 06 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.50
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
246510

Мақомоти прокуратураи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз боздошти як сарроф ё ба истилоҳ "валютчик" хабар медиҳанд, ки ба ивази ғайриқонунии асъори хориҷӣ даст дошт

ДУШАНБЕ, 3 феврал - Sputnik. Бино ба гузориши Акбар Шариф, сухангӯи Раёсати Вазорати корҳои дохила дар Суғд бо иттиҳоми саррофии ғайриқонунӣ Валиев Охунҷони 38-сола боздошт шудааст.

Ба иттилои манбаъ, Валиев ҳангоми хариду фурӯши асъор дар ҳудуди бозори Сомони шаҳри Бӯстон дастгир шуд.

Манбаъ мегӯяд, чунин рафтори боздоштшуда, беэҳтироми нисбат ба асъори миллӣ ва заминаи коҳишёбии он мебошад.

Валиев Охунҷон мегӯяд, медонист, ки кораш ғайриқонунист, бинобар ҳамин тариқи пинҳонӣ асъорҳои рублу доллари сокинонро дар бозор иваз мекард.

Гуфта мешавад, бо методҳои оперативӣ, сарроф пас аз иваз кардани 4 ҳазор доллар ба 45 ҳазору 600 сомонӣ дар даромадгоҳи бозори "Сомон" боздошт шуд.

ВУД мегӯяд, ҳамзамон аз боздоштшуда асъори хориҷӣ ва миллӣ дарёфт гардид, ки аз сарроф будани ӯ шаҳодат медиҳад.

Манбаъ меафзояд, барои ин кор нисбат ба ӯ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон тамоми амалиёти мубодила танҳо дар бонкҳо ва филиалҳои онҳо, ташкилотҳои қарзӣ, нуқтаҳои махсус, нуқтаҳои интиқоли пул, банкоматҳо ва терминалҳо иҷозат дода мешавад.

Дар сурати риоя накардани меъёрҳо, вайронкунандагон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида, қонун ҷазо дар намуди ҳабс аз 2 то 9 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Ёдовар мешавем, қаблан прокуратураи генералӣ гуфта буд, ки ҷиҳати ба эътидол овардани қурби асъори миллӣ ва назорати асъор дар ҷумҳурӣ 377 қонунвайронкунӣ ошкор ва нисбат ба шахсони гунаҳгор 263 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, 114 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, аз муомилоти ғайриқонунӣ 2,5 млн. сомонӣ, 221 ҳазор доллари ИМА, 211 ҳазор рубли Федератсияи Россия ва 1,2 млн. сомонӣ молу маҳсулот дарёфт ва мусодира намудааст.

Барчаспҳо:
ВКД, сарроф, боздошт, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ