00:50 25 феврали 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.16
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
508 0 0

“Тоҷиксуғурта” ба ҳашт нафар, ки ба сабаби маризии “илтиҳоби шуш” ҷон бохтанд, ҷубронпулӣ пардохт кардааст

ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Шуҳрат Мақсудзода, директори КВД “Тоҷиксуғурта”  имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон хабар дод, ки идорааш ба шаш хизматчии давлатӣ ва ду низомӣ, ки ба сабаби маризии “илтиҳоби шуш” ҷон бохтанд, пули бима ё суғурта додааст.

Ба гуфтаи вай танҳо дар соли ҷорӣ аз рӯи бемории норасооии роҳи нафас ва илтиҳоби шуш ва нафароне, ки аз ин беморӣ фавтиданд аз рӯи суғуртаи хизматчиёни давлатӣ ба шаш нафар шахси фавтида ба андозаи музди меҳнати ҳаштмоҳа маблағ ҷуброн карда шуд.

Ҳамзамон, Шуҳрат Мақсудзода зикр кард, ки аз рӯи суғуртаи ҳатмии хизматчиён ва уҳдадорони ҳарбӣ ба ду нафар шахси фавтида ба андозаи 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои ҳар як нафар пардохти суғуртавӣ пардохт шудааст.

Директори КВД “Тоҷиксуғурта” зимни нишасти матбуотӣ қайд кард, ки баъд аз ворид намудани суғуртаи “коронавирус”, касе барои пардохти суғурта муроҷиат накардааст.

“Дар соли ҷорӣ  кушиш мекунем, ки мардумро бештар ба ин намуди суғурта фаро гирем, лекин бояд зикр кард, ки ҳамасола "Тоҷиксуғурта" тамоми хизматчиёни давлатӣ ва хизматчиёни ҳарбиро дар Тоҷикистон бо суғурта фаро мегирад”, - таъкид дошт Шуҳрат Мақсудзода.

Ёдрас мешавем, ки моҳи июли соли 2020 ширкати “Тоҷиксуғурта” эълон карда буд, ки ба чаҳор нафар барои маризӣ аз “вируси корона” пули суғурта додааст.

Абдулло Абдуллоев, муовини аввали раиси корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷиксуғурта”, дар нишасти матбуотӣ гуфта, буд ба ду нафар – як муовини сардори раёсат ва як корманди тиббии вазорати корҳои дохилӣ ва ҳам ду корманди ҳукуматҳои навоҳӣ ба ҳар яке аз онҳо ба маблағи 5 800 сомонӣ суғуртапулӣ додаанд.

"Инҳо бо мо шартнома баста, суғурта шуда буданд. Аз ин хотир, мо ба онҳо маблағи суғуртаашонро пардохт кардем”, - гуфт Абдулло Абдуллоев.

Барчаспҳо:
пардохт, пардохти ҷубронпулӣ, маризӣ, вируси корона, суғурта, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ