11:51 04 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.64
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
96120

Лейтинанти калони милиса, ки чанд рӯз пеш донишҷӯдухтари 21 - соларо аз ғарқшавӣ наҷот дод, аз роҳгузарон гиламандӣ намудааст

ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Амиршоев Саймаҳмуд лейтинанти калони милиса мегӯяд, вақте духтари аз ҳуш рафтагиро аз дохили дарё бо як азоб берун овард, мардуми дар гирди соҳил ҷамъшуда ба ҷойи ба ӯ кӯмак расондан, аксбардорӣ мекарданд.

Номбурда рӯзи 5 - уми феврал донишҷӯи Донишгоҳи санъати Тоҷикистонро аз марг наҷот дод.

Духтари 20 - сола, бинобар сабабҳои оилавӣ сӯиқасд ба ҷони худ намуд ва хост худро ғарқи дарёи "Душанбинка" кунад.

Лейтинант Амиршоев дар сӯҳбат бо сомонаи Pressa.tj гуфт, ки дар роҳ ба сӯи дафтари кории худ буд, ки ҷамъшавии одамонро назди пӯли болои дарёи Душанбе мошоҳида кард.

Сипас ӯ низ аз мошин фуруд омад ва вақте пай бурд, ки духтар худро ғарқи дарё намудааст, зуд ба кумаки ӯ шитофт.

Амиршоев аз он изҳори нигаронӣ кард, ки вақти духтарро аз дарё берун кард ва аз мардум дархости кумак кард, онҳо бар ивази зуд шитофтанд назди ӯ, баръакс аз дур истода акс мегирифтанд ва ҳодисаи мазкурро наворбардорӣ мекарданд.

Танҳо ду - се роҳгузар ахир ба мадади ӯ расиданд ва дар якҷойгӣ духтари 20 - соларо ба соҳил бароварданд.

Барои наҷоти хоҳарон: Русия хонандаи тоҷикро бо ҷоизаи фахрӣ қадрдонӣ кард

Бо супориши вазири умури дохила, лейтинанти калонро низ бистарии беморхона намуданд, зеро аз ҳисоби сардии об ӯ низ каме шамол хӯрдааст.

Қаблан, Завқибек Саидаминӣ рӯзноманигор ва корбари фаъоли шабакаи иҷтимоии Фейсбук дар сафҳаи худ аксҳо аз ҷой ҳодисаи ғарқшавии ин духтарро нашр намуда, навишт, ки "ҳодиса дар маркази Душанбе, дар назди бинои "Шарқи озод" маъруф ба ГЖК рух додааст".

" Ҳамагӣ дар чанд дақиқа, бо кӯмаки як гурӯҳ ҷавонон, духтар аз об бароварда шуда, ба дасти "Ёрии таъҷилӣ" супорида шуд. Воқеан ҳам ҷавонон хеле фаъол буданду ҳам мошини "Ёрии таъҷилӣ" хеле зуд расид".

Мавзӯъҳои асосӣ