12:06 04 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.64
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
140 0 0

Бо мақсади пешгирӣ аз ҳолатҳои фавқулода КҲФ аз аҳолӣ хоҳиш мекунад бо истифода аз фурсати муносиб селроҳаҳоро аз хасу чӯбу сангу хок тоза кунанд, каналҳо ва ҷӯйборҳоро аз ҳар гуна партовҳо пок созанд

ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо дар рӯзҳои оянда ҳушдор додааст.

Бино ба иттилои Агентии ҳавошиносии кишвар рӯзҳои наздик бар асари гармии дамои ҳаво баланд шудани сатҳи об дар рӯдхонаҳое, ки аз доманакӯҳҳои водии Ҳисор ҷорӣ мешаванд, инчунин дар дарёи Хингов пешбинӣ мешавад.

"Хатари лағзиши тарма дар ноҳияҳои кӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ, нишебиҳои ҷанубии водии Ҳисор ва қисмати ғарбии ВМКБ вуҷуд дорад", - менависад манбаъ.

Ин аст, ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудоифаи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон шаҳрвандонро огоҳ мекунанд, ки хеле эҳтиёткор бошанд.

Заминларзаи Тоҷикистон Ӯзбекистонро такон дод

"Чорвочарониҳоро дар доманакӯҳҳо маҳдуд намоед, кӯдаконро ҳезумчинӣ ва ҷамъоварии гулҳои аввалбаҳорӣ нафиристед, моҳидорӣ наравед. Ронандагон ҳангоми сафар бо роҳҳои кӯҳӣ қоидаҳои бехатарии роҳро риоя кунед", - хоҳиш мекунанд коршиносон.

Бо мақсади пешгирӣ аз ҳолатҳои фавқулода КҲФ аз аҳолӣ хоҳиш мекунад бо истифода аз фурсати муносиб селроҳаҳоро аз хасу чӯбу сангу хок тоза кунанд, каналҳо ва ҷӯйборҳоро аз ҳар гуна партовҳо пок созанд.

Барчаспҳо:
ҳушдор, хатар, тарма, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ