04:38 06 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.50
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
95 0 0

Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон эълон доштааст, ки вобаста ба риоя нагардидани талаботи Қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Суди Олӣ 609 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мавриди баррасӣ қарор дода шудааст

ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ таъкид дошт, ки соли 2020 мутобиқи маълумоти пешниҳоднамудаи Суди Олии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ вобаста ба риоя нагардидани талаботи Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Тоҷикистон” 609 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мавриди баррасӣ қарор дода шудааст.

Вай афзуд, ки аз ин теъдод 9 адад парванда қатъ карда шуда, вобаста ба 600 ҳолати боқимонда қарори дахдор бароварда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 86 ҳолат камтар мебошад.

Сулаймон Давлатзода гуфт, ки маблағи умумии ҷарима 2 миллиону 599 ҳазору 191 сомониро ташкил медиҳад, ки аз он 1 миллиону 630 ҳазору 324 сомонӣ рӯёнида шудааст.

Ҳунарманди тоҷикро барои нақзи қонуни танзим 583 доллар ҷарима карданд

Вай афзуд, ки яке аз самтҳои асосии фаъолияти Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, ин татбиқи Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мебошад.

Барчаспҳо:
қонуншиканӣ, маросим, тӯй, танзим, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ