18:47 06 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.50
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
197510

Президенти Тоҷикистон ва вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо ирсоли паём ба ҳамтоёни эронии худ, солрӯзи пирӯзии инқилоби исломиро ба миллат ва давлати Эрон табрик гуфтанд

ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik.  Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон бо ирсоли паёме ба Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳурии Эрон, солрӯзи пирӯзии инқилоби исломиро ба миллат ва давлати Эрон табрик гуфт.

Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ ба муносибати рӯзи миллии Эрон таъкид кардааст: "Тоҷикистон алоқаманд ба тавсеаву таҳкими равобити дӯстона ва ҳамкориҳои судманду самарбахш бо Эрон дар тамоми бахшҳои мавриди тавваҷуҳи тарафайн мебошад".

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёми худ афзудааст: "Бовар дорам, ки равобити нек байни кишварҳои мо, ки реша дар иштирокоти таърихӣ, маънавӣ ва фарҳангӣ дорад, дар заминаи созандагӣ, ҳусни тафоҳум, ҳусни ният, эътимод ва бо талошҳои пайгиронаи муштарак дар оянда низ густариш хоҳад ёфт".

Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтои эронии худ саломативу комёбӣ ва барои мардуми дӯсти Эрон сулҳ, оромиш, саодат ва шукуфоӣ орзӯ кардааст.

Сироҷиддини Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон низ дар паёме солгарди пирӯзии инқилоби исломиро ба Муҳаммадҷаводи Зариф, ҳамтои эронии худ табрик гуфт.

Дар ин паём омадааст: "Муфтахарам ба Шумо ҷашни фархундаи рӯзи миллии Ҷумҳурии исломии Эронро самимона табрик арз намоям. Тоҷикистон ба рушду тавсеаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судманд бо Эрон дар ҳамаи бахшҳои мавриди тавваҷуҳи тарафайн алоқаманд аст".

Муҳриддин ибрози итминон кардааст, ки бо ҳамдилӣ, бародарӣ ва барқарории сулҳу субот дар минтақа ва дар партави ҳамкориву талошҳои муштарак, равобити ду кишвари дӯсту бародари Тоҷикистон ва Эрон дар ҳамаи заминаҳо густариш ёбад.

Барчаспҳо:
табрикот, шодбошӣ, паём, Эмомалӣ Раҳмон, Эрон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ