12:18 09 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.50
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1010 0 0

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабр ва тағйирёбанда мешавад. Дар вилояти Хатлону Суғд меғ фаромада дар ВМКБ то 6 дараҷа сард мешавад

ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Ба иттилои Ожонси ҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи  бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад.

Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона аз 12-17 то 20-25 ва рӯзона  1-6 дараҷа  хунук мешавад, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" аз қавли Ожонс.

Ҳаво дар вилояти Суғд  камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш мешавад. Дар ноҳияҳо туман мефарояд.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 4+9 дараҷа гарм ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм  ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм  мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои камабр ва тағйирёбандаи  бебориш шуда, дар ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 6+11 дараҷа гарм ва рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ҳаво шабона  2+7 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши сусти борон ва барф ба амал меояд.

Дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 4+9 дараҷа гарм ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм  ва рӯзона аз 6+11  дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона  6+8 ва рӯзона 17+19 дараҷа гарм мешавад.

Барчаспҳо:
меғ мефарояд, обу ҳаво, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ