01:02 09 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.50
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1031 0 0

Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ мегӯяд, парк ё боғи обие, ки ширкати “Ёқут 2000” дар шаҳри Ваҳдат бунёд мекунад, хилофи меъёрҳо аст

ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Холмурод Раҳмон, раиси Агентӣ дар нишасти матбуотии ин ниҳод гуфт, бо имзои ӯ як мактуб ба Прокуратураи генералӣ ирсол шудааст, ки бино ба он, соҳибкор бидуни мувофиқа бо Агентӣ сохтмонро шурӯъ кардааст.

"Ҳамин рӯз гуруҳи кории прокуратураи генералӣ бо намояндагони вазорати энергетика ва захираҳои об, Кумитаи замин ва Агентии мо тасмим гирифтанд, ки як гуруҳи корӣ ташкил карда, масъаларо омӯзанд. Аз нигоҳи мо, пулу заҳбуру заҳкашҳое, ки сохта мешаванд, ғайриқонунӣ мебошанд", - гуфт Холмурод Раҳмон.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, боғи обии Ваҳдат дар тарафи чапи пули рӯди Кофарниҳон, канори роҳи Душанбе-Кӯлоб ва дар қаламрави шаҳри Ваҳдат сохта мешавад.

Национальный банк Таджикистана
© Фото : Пресс-служба президента Таджикистана

Он ҳудуди 2 то 3 гектарро дарбар гирифта, дуруст дар соҳили дарё ҷойгир аст ва сохтмонаш кайҳо ба ин сӯ шурӯъ шудааст.

Огаҳони ҳол мегӯянд, боғи обӣ то ҷое ба дохили дарё омада, маҷрои онро тағйир додааст, ки ба қавли раиси Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ дуруст нест.

Рустам Эмомалӣ дар Душанбе бузургтарин боғи обӣ ифтитоҳ кард

"Мо фақат ба он чӣ ки бо шабакаҳои обдиҳанда, заҳбуру заҳкашҳо вобаста аст, ҷавобгарем. Худи дарё дар тавозуни вазорати энергетика ва захираҳои об аст. Аммо эҳтимоли он вуҷуд дорад, ки боғи обӣ барои одамон хатарофар шавад, чун дуруст дар лаби соҳили як дарёи хурӯшон сохта мешавад", - гуфт Холмурод Раҳмон.

Ӯ гуфт дар Варзоб ҳодисаҳое буданд, ки чунин иншоот ба аҳолӣ ё роҳҳо хатар эҷод кардаанд.

Сохтмони боғи обии Ваҳдатро ширкати "Ёқут - 2000" ба анҷом мерасонад, ки раҳбарии онро соҳибкори маъруф Абдуҳалим Қодирзода ба зимма дорад.

Барчаспҳо:
ғайриқонунӣ, боғ, Ваҳдат, Ёқут

Мавзӯъҳои асосӣ