23:08 04 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.61
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
340 0 0

Агентии ҷангали Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки дар як соли гузашта шикорчиёни тоҷик кадом ҳайвонҳоро шикор карданду аз ҳисоби он ба буҷа чанд пул ворид шудааст

ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Абдуғаффор Ҷалилов, сардори шӯъбаи шикори Агентии ҷангали Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки дар Тоҷикистон асосан кадом намудҳои шикор ба роҳ монда шудаасту шикорчиёни тоҷик кадом ҳайвонотро бештар таҳти ҳадафи худ қарор медиҳанд.

Ба гуфтаи вай, Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал давоми сол ду намуд шикор - варзишӣ ва ҳавасмандӣ гузаронид, ки дар натиҷа 4922 ҳайвону парранда шикор карда шуданд.

Вай афзуд, дар давоми сол 434 роҳхатҳои ширкори ҷамъияти шикорчиён ба давталабон пешниҳод карда шуд.

"Дар умум 3 сар бузи кӯҳии сибирӣ , 153 сар хуки ваҳшӣ, 2067 харгӯш,  кафтар - 1255, мурғобӣ - 1291, ғоз - 117, 34 - суғур ва 2 қашқалдоқ шикор карда шуданд", - таъкид кард Ҷалилов.

Сардори шӯъба, ки додани иҷозатнома ба шикори ҳайвонҳои нодир, ки дар Китоби сурх дарҷ гардиданд, дар ваколати шӯъбааш нест, балки онро Кумитаи ҳифзи муҳити зист назорат мекунад.

Шикори ғайриқонунии гӯсфанди нодири “Марко-Поло” дар Мурғоб

Ҳамчунин, аз ҳисоби шикор ба буҷаи Агентии ҷангал 46 593 сомонӣ ворид карда шудааст.

Барчаспҳо:
ҳайвон, шикор, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ