15:11 06 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.50
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1183 0 0

Низоми нави огоҳкунанда аз мардуми Афғонистон то шаҳрвандони Ӯзбекистонро аз хатар огоҳ хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон, Рустам Назарзода имрӯз дар нишасти матбуотии ин ниҳод гуфт, кай низоми нави огоҳии барвақтӣ ва мониторинги кӯли Сарез ба кор медарояд.

Ба гуфти Назарзода, бо назардошти зарурати такмил, беҳтар намудан ва васеъ кардани системаи огоҳии зудҳангом ва мониторинги кӯли Сарез дар доираи татбиқи Лоиҳаи миллии идораи хатари офатҳои табиӣ, ки аз ҷониби Бонки осиёии рушд сармоягузорӣ мешавад, моҳи сентябри соли 2020  интихоби ширкаткунандагон ба анҷом расид.

Дар ин росто, 13 ноябри соли 2020 муоҳада барои расонидан ва насби системаи нав ва ба истифода додани он дар кӯли Сарез имзо шуд.

"Қарор аст моҳи августи соли 2021 системаи нав ба истифода дода шавад", - гуфт Рустам Назарзода.

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон, шарҳ дод, ки система аз ҷониби ширкати итолёвии "САЕ", ки яке аз пешгомони ҷаҳонӣ дар гузоштани системаи огоҳсозии бармаҳал мебошад, амалӣ карда мешавад.

Сӯҳбат баъди сайри Сарез: “Аждаҳои хуфта” ё муъҷизаи безарари табиат?

Ин система аз сарҳади Ҷумҳурии Исломии Афғонистон то ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон, ки бо вилояти Сурхандарёии Ӯзбекистон ҳаммарз мебошад, мегузарад.

Кӯли Сарез: офати табиӣ ё муъҷизае дар кӯҳҳои Помир

Дар айни замон системаи огоҳии бармаҳал (сирена, алоқаи радиоӣ) то ноҳияи Рӯшон гузошта шудааст.

Барчаспҳо:
Тоҷикистон, бонги хатар, канддашавии саргаҳи Сарез, масъалаи кӯли Сарез, кӯли Сарез, Сарез

Мавзӯъҳои асосӣ