19:39 07 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.50
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1016 0 0

Саттор Худойбердиев, ҷуғрофидони саршиноси тоҷик, профессори кафедраи географияи иқтисодӣ ва демографияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар синни 82 солагӣ аз олам даргузашт

ДУШАНБЕ, 11 фев – Sputnik. Яке аз наздикони марҳум дар тайиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки Худойбердиев баъд аз зуҳри имрӯз ҷон ба Ҷонофарин таслим кардааст.

“Чанд вақти охир дар хона бознишаста буданд, вале аз ҳеқ як беморӣ азият намекашиданд. Рӯзашон буд будааст, имрӯз бандагӣ карданд”, - гуфт манбаъ.

Худойбердиев Саттор Шарипович 30 марти соли 1939 дар деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич (собиқ Ғончӣ) таваллуд шудааст. Соли 1964 Институти давлатии педагогии Ленинобод ба номи С.М.Киров (ҳоло Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров) ро бо ихтисоси география ва биология хатм кардааст.

Аз соли 1967 фаъолияти меҳнатиашро ба сифати муаллими мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №20 (собиқ ба номи Ломоносов) и шаҳри Хуҷанд шурӯъ намудааст. Соли 1970 ба кор ба факултаи табиатшиносию географияи Институти давлатии педагогии Ленинобод ба номи С.М.Киров гузаштаааст.

Соли 1975 коромӯз-тадқиқотчии Институти педагогии шаҳри Санкт-Петербург ба номи А.И.Гертсен, солҳои 1978-1996 Дотсенти кафедраи ҷуғрофияи иқтисодӣ ва соли 2010 ба унвони профессор, мудири кафедраи ҷуғрофияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров факултаи фанҳои табиии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд фаъолият бурдааст. То соли 2016 ҳудуди шаш сол ба донишҷӯёни Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи тиҷоратии Тоҷикистон дарс гуфтааст.

Аз 2016 то инҷониб профессор ва аз собиқадорони кафедраи географияи иқтисодӣ ва демографияи факултети геоэкологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров буд.

Саттор Худойбердиев муаллифи 50 китобҳои дарсӣ, аз ҷумла "Географияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон", "Вилояти Суғд ба 1000 савол ҷавоб", "Оё Шумо шаҳри Хуҷандро медонед?", “Географияи Тоҷикистон" "Аввалин китоби география дар Тоҷикистон" мебошад.

Бино ба иттилоъи дарёфтӣ маросими хоксупории ин олими тоҷик пагоҳ соати 9 и пеш аз зуҳр дар зодгоҳаш деҳаи Басмандаи Деваштич баргузор мегардад.

Барчаспҳо:
иқтисодӣ, Хуҷанд, олим, даргузашт, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ