15:18 02 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.62
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
93311

Дар Суғд панҷ корманди идораи андозро бо ҷурми даст задан ба ҷиноят дар вақти фаъолияти корӣ аз вазифа сабукдӯш кардаанд

ДУШАНБЕ, 12 фев – Sputnik. Абдуқаюм Воҳидов, сардори Раёсати андоз дар вилояти Суғд зимни нишасти матбуотӣ дар бораи барканории панҷ корманди ин ниҳод иттилоъ дод.

Бино ба иттилои манбаъ, ин панҷ корманди идораҳои нозироти андоз соли гузашта дар ду ҳолат ҷиноят содир намудаанд ва ба ҳамин сабаб аз вазифа сабукдӯш шудаанд.

Воҳидов дар посух ба саволи рӯзноманигорон аз панҷ корманди рондашуда ном бурд ва тавзеҳ дод, ки онҳо кормандони кадом идораҳои андоз буданд.

"Бобоев Даврон Мухторҷонович, мудири бахши нозироти андоз дар шаҳри Бӯстон, Муродов Мирзобек Баҳруллоевич, сармутахасиси нозироти андози ноҳияи Зафаробод, Ҷумъаев Олимхон Муродхонович, муовини сардори нозироти андози ноҳияи Ҷаббор Расулов бо гумони содир кардани ҷиноят аз вазифа сабукдӯш шуданд", - гуфт сардори Раёсати андоз. 

Дар феҳрасти барканоршудаҳо инчунин Ғафуров Парвизҷон ва Шарипов Орифҷон сармутахассисони нозироти андози шаҳри Бӯстон номбар шуданд.

Абдуқаюм Воҳидов таъкид намуд, ки барои коҳиш додани иртиботи андозсупоранда бо андозситон, ки эҳтимол боиси рух додани амалҳои коррупсионӣ мегардад, соли гузашта аз сӯи мақомоти андоз 20 барномаи нави компутерӣ насб ва мавриди корбурд қарор дода шудааст.

"Ҳоло дар идораҳои нозироти андоз дар вилояти Суғд шумори чунин барномаҳои компутерӣ ба 56 адад баробар шудааст, ки тавассути онҳо 56 ҳазор андозсупоранда метавонад бе омадан ба назди андозситон эъломияҳои андозиро супорад", - қайд намуд Воҳидов.

Барчаспҳо:
Суғд, барканорӣ, ронда шудан, мақомот, андоз, андоз

Мавзӯъҳои асосӣ