11:47 26 феврали 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.83
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
52011

Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон барои мулоқот бо мақомдорони аршади Афғонистон ба Кобул рафтааст

ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Дар ин сафар мақомдори амниятии Тоҷикистон бо Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои мусолиҳаи миллии Афғонистон, Ҳамдуллоҳ Муҳиб, раиси Шӯрои амният ва мақомоти дигари он кишвар мулоқоту гуфтугӯҳо доштааст.

Дар бораи ҷузъиёти сафари Ятимов ба Кобул дар Тоҷикистон расман иттилое надодаанд, аммо Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар бораи мулоқоташ бо ӯ дар сафҳаи "Фейсбук"-ияш иттилоъ додааст.

Ба навиштаи Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар ин вохӯрӣ ӯ бо Саймумин Ятимов оид ба талошҳои сулҳ, рӯйдодҳои ахир дар Доҳа, вазъи амниятӣ, муносибатҳои дуҷониба ва ҳаводиси марзӣ байни Афғонистон ва Тоҷикистон сӯҳбат кардаанд.

Ёдовар мешавем, ин дувумин сафари Саймумин Ятимов ба Афғонистон тайи ним соли ахир  аст. Сафари қаблии ӯ 9-11 сенябри соли гузашта доир шуда буд.

Ятимов кист? Котиботи Президент ҳолномаи раиси КДАМ-ро нашр кард

Сафар ва дидорҳои Саймумин Ятимов бо мақомдорони баланди Афғонистон дар ҳолест, ки рӯзи 11 феврал Эмомалӣ Раҳмон бо Ашраф Ғанӣ суҳбати телефонӣ дошт.

Зимни суҳбат ҷонибҳо оид ба раванди сулҳи байниафғонӣ ва дар ин замина пайдо намудани роҳҳои самараноки истиқрори сулҳу суботи сартосарӣ дар Афғонистон таваҷҷуҳи хос зоҳир карда, ҳамзамон ҷиҳати таҳкиму тавсеаи минбаъдаи равобити судманди дуҷониба дар самтҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат ва иҷтимоиёт иброз намуданд. 

Президентҳои ду кишвар дар мавриди масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи амният низ табодули афкор анҷом дода, вазъи кунуниро дар сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Афғонистон мавриди баррасӣ қарор дода, Эмомалӣ Раҳмон аҳаммияти тақвияти шарикии ду кишварро дар мубориза алайҳи хатару таҳдидҳои замони муосир, бахусус терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводди мухаддир, ҳамчунин таъмини амнияти сарҳадот махсус таъкид кардааст.

Сипоси Ятимов ба Аҳмад Зиё барои ошкорсозии қасди террори мудҳиш дар Тоҷикистон

Дар идомаи суҳбат ҷонибҳо масъалаи баргузории Конфронси нуҳуми вазирони корҳои хориҷии “Қалби Осиё – Раванди  Истамбул”-ро баррасӣ карда, ҷиҳати доир намудани ин ҳамоиш дар охири марти соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе таҳти ҳамраисии Тоҷикистон ва Афғонистон ба мувофиқа расиданд.

Барчаспҳо:
сафар, Кобул, Саймумин Ятимов

Мавзӯъҳои асосӣ