02:01 03 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.60
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
94501

Як сокини ноҳияи Спитамен сокини дигари ин минтақаро барои паҳн кардани муносибатҳои ошиқона таҳдид карда, пул тамаъ мекард

ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон марди 29-солаи сокини ҷамоати деҳоти Навкати ноҳияи Спитаменро ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти тамаъҷӯӣ дастгир кардааст.

Гуфта мешавад, ӯ бо таҳдиди ифшои маълумотҳои беобрӯкунанда, бо мақсади паст задани шаъну шараф даст ба тамаъҷӯӣ задааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, номбурда, 11-уми феврали соли 2021, тахминан соати 21:40-дақиқа, ба назди хонаи истиқоматии ҷавони 26-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ӯлҷабоеви ноҳияи мазкур омада, ба  таҳдид кардан оғоз кардааст, ки агар 4 ҳазор сомонӣ надиҳад, робитаи ошиқонаи ӯро бо як зани 23-солаи деҳаи Навкат ошкор мекунад.

Ба иттилои манбаъ, ҳамчун гарав боздоштшуда шаҳодатномаи техникии автомашинаи тамғаи "Дэу Дамас", ки ба ҷабрдида тааллуқ дорад, гирифтааст.

"Рӯзи 12-уми феврали соли 2021, тахминан соати 17:00, дар ҳудуди ноҳияи Спитамен гумонбаршаванда ҳангоми гирифтани 2 ҳазор сомонӣ дастгир карда шуд”, - афзудааст манбаъ.

Аксҳои оилаамро аз телефонам гирифту "шантаж" кард: тафсилоти "куштори номусӣ" дар Масчо

ВУД мегӯяд, оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 250 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Барчаспҳо:
тамаъҷӯӣ, боздошт, Спитамен, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ