09:31 02 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.62
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1003 0 0

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон қазияи боздошти 14 шаҳрванди кишварро дар Қирғизистон шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Вазири умури хориҷӣ хабар дод, ки қазияи 14 шаҳрванди Тоҷикистон, ки рӯзи 11 феврал дар шаҳри Қарокули вилояти Ҷалолободи Қирғизистон дастгир шуданд, таҳти назорат қарор дорад.

Ба иттилои Сироҷиддин Муҳриддин, шаҳрвандони боздоштшудаи Тоҷикистон дар убури ғайриқонунии марзи Тоҷикистону Қирғизистон айбдор мешаванд.

"Ин шаҳрвандони боздоштшуда аз ноҳияи Ҷайҳуни Тоҷикистон ҳастанд. Сафорати Тоҷикистон дар Бишкек ба пайгирии ин қазия машғул мебошад", - иттилоъ дод вазир.

Сироҷиддин Муҳриддин таъкид кард, ки чунин қазияҳо ҳам аз он ҷониб ва ҳам аз ин ҷониб зиёд буданд, аммо дар ҳама ҳолатҳо ду ҷониб забон меёфтанд. Ӯ изҳори боварӣ намуд, ки ин масъала мусбат ҳал мешавад.

Дар мавриди аломатгузории марзи Тоҷикистону Қирғизистон, вазир изҳор дошт, ки Комиссияи байниҳукуматӣ корҳои зиёдеро анҷом дод, аммо аз ҷониби Қирғизистон баъзе бандҳо боз лағв шудаанд.

Посухи ВУХ Тоҷикистон ба дипломатҳои қирғиз: хабари носанҷидаро паҳн накунед

Ӯ изҳори умед кард, ки бо омадани раёсати нав дар Қирғизистон, масъалаи марзӣ дар сатҳи нав ҳал хоҳад шуд. Ҷаласаи ояндаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон дар мавриди аломатгузории марз моҳи март ба нақша гирифта шудааст ва ба гуфтаи вазир мавқеи роҳбарияти нави Қирғизистон дар ин мулоқот рӯшан хоҳад шуд.

Барчаспҳо:
боздошт, шаҳрванд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ