18:45 06 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.50
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
7045 0 0

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба Чин дар пайи нашри мақолаҳои баҳсбарангез дар мавриди даъвоҳои ҳудудӣ – таърихӣ ба Пекин ёддошти расмӣ фиристодааст

ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Вазири умури хориҷӣ, дар мавриди мақолаҳои расонаҳои чинӣ, ки як қисми қаламрави Тоҷикистонро моли таърихии Чин хондаанд, изҳори назар кард.

Ӯ гуфт, дар ин робита корҳои заруриро ба роҳ монда, аз ҷониби Вазорати умури хориҷӣ ба Чин ёддошт фиристода шудааст.

Муҳриддин афзуд, ки дипломатҳои тоҷик бо ҳамтоёни чинияшон ва инчунин бо роҳбарияти расонае, ки чунин маводро ҷой додааст, мулоқот кардаанд. Дар натиҷа мақолаи ҷанҷолбарангез аз сомона бардошта шуд.

Ба иттилои манбаъ, мақомоти Чин дар пайи норозигии ҷониби Тоҷикистон изҳор доштаанд, ки чунин маводро расонаҳои ғайридавлатӣ ҷой додаанд ва он ба ҳеч ваҷҳ маънои мавқеи расмии Пекин нест.

“Бо мақомоти Чин ҳамкориҳои ниҳоят хуб дорем, вақте муроҷиат мекунем, дарҳол ҷавоб медиҳанду аз ҳамкории стратегии ду давлат ёд карда таъкид мекунанд, ки чунин мавод ҳеч вақт мавқеи расмии Чин нест”, - изҳор дошт вазири умури хориҷӣ.

Вазири умури хориҷии Тоҷикистон аз сернуфус ва фаъол будани ҳазорҳо расонаҳои ғайридавлатӣ дар ин кишвар зикр карда, афзуд, ки муаллифон дар ин расонаҳо ҳар гуна матолиби баҳсбарангез менависанд, аммо мавқеи расмии ин кишвар нест.

Ин маъсала дар ҳолест, ки қаблан бархе аз расонаҳои чинӣ бо истиқбол аз он, ки Тоҷикистон қаблан қисмате аз ҳудудро ба Чин дод, таъкид кардаанд, ки мавзеи Помир таърихан қаламрави Чин будааст, ки таҳти таъсири абарқудратҳои ҷаҳонӣ аз он ҷудо шуда буд.

Ин дар ҳолест, ки қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва ҳамтои чинияш Син Ҷинпин аз шарикии стратегӣ ва эътимоди тарафайн тавсиф карда буданд.

Барчаспҳо:
Помир, Чин, нота, ВУХ ҶТ

Мавзӯъҳои асосӣ