11:43 09 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.50
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
558 0 0

Занон ва кӯдакон, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар урдугоҳҳои "Ал-Ҳавз" ва "Ар-Равз" -и Сурия ҳастанд, мунтазири бозгашташон ба ватан мебошанд

ДУШАНБЕ, 15 феврал - Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки шаҳрвандони кишварро, ки дар урдугоҳҳои гурезагон дар Сурия нигоҳ дошта мешаванд, ба ватан баргардонад.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин зимни як нишасти матбуотӣ дар Душанбе дар ин бора хабар дод.

Рӯйхати шаҳрвандоне, ки бояд ба ватани худ баргардонида шаванд, дар ҳаҷми 260 нафар ҷамъоварӣ карда шуд.

Ба гуфтаи вазир, имрӯз шаҳрвандони Тоҷикистон дар урдугоҳҳои "Ал-Ҳавз" ва "Ар-Равз", ки дар қаламрави таҳти назорати воҳидҳои курд ҷойгиранд, нигаҳдорӣ мешаванд.

Сироҷиддин Муҳриддин қайд кард, ки қаблан масъалаи бозгашти тоҷикон аз урдугоҳҳои Сурия бо Димишқи расмӣ ва созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ шуда буд.

Ба таъкиди ӯ намояндаи дипломатии Тоҷикистон ҳамзамон бо масъулини баландпояи Сурия ва ҳамзамон ҷониби мухолифин вобаста ба вазъ ва баргардонии шаҳрвандони кишвар дидору мулоқот кардааст. 

"Бо чашмони худ дидаанд, ки чигуна онҳо дар ҳолати вазнин зиндагӣ мекунанд. Бисёре аз онҳо мехоҳанд баргарданд, аммо миёни онҳо ҳастанд бисёр нафароне, ки ба Тоҷикистон баргаштан  намехоҳанд",- гуфт вазир.

Номбурда гуфт, масъалаи бозгашт аз вазъи эпидемиологии марбут ба пандемия ва амният дар қаламраве, ки ин урдугоҳҳо ҷойгиранд, вобаста аст.

Ёдовар мешавем, ки коршиносони СММ ба 57 кишвар, аз ҷумла ба Тоҷикистон, Русия, Узбакистон ва Қирғизистон муроҷиатномае ирсол карданд, ки дар он даъват карда мешавад. бозгашти шаҳрвандонашонро аз Сурия таъмин намоянд

Ба наздиконашон надоданд: бо кӯдакони тоҷик, ки аз Сурия баргардонида шуданд, чӣ шуд?

Коршиносон гуфтаан, ки дар ҳоли ҳозир беш аз 64 ҳазор нафар дар урдугоҳҳои Сурия қарор доранд.

Мавзӯъҳои асосӣ