“Аз беобӣ ба Сибир кӯч бастанд”: тафсилоти ҷолиби Фарҳод Раҳимӣ дар бораи гармшавии иқлим

© Sputnik / Олег Макаров / Гузариш ба медиабонкЛедник Федченко в горах Памир в Таджикистане.
Ледник Федченко в горах Памир в Таджикистане. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.02.2021
Обуна шудан
Президенти Академияи улум мегӯяд, Тоҷикистон то 150 соли дигар беоб нахоҳад монд
ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Захираҳои обе, ки Тоҷикистон дорад, то 150 соли дигар эҳтиёҷоти мардуми онро бароварда мекунад ва мардуми кишвар метавонанд аз ин зовия хотирҷамъ бошанд.
Дар ин бора Фарҳод Раҳимӣ ба Sputnik Тоҷикистон тафсилот дод.
“Мо то 150 соли дигар об дорем, аммо тағйирёбии глобалии иқлим, ки гармшавӣ ва дар пайи он обшавии пиряхҳоро ба бор овардааст, зарарҳоеро дар пай хоҳад дошт. Ин ҳам зиёд шудани селҳо ва боло рафтани оби дарёҳо аст, ки харобиҳои маълумро пеш меоранд”, - гуфт Фарҳод Раҳимӣ.
Президенти Академияи улуми Тоҷикистон қаблан зимни нишасти матбуотӣ баён дошт, ки тағйирёбии иқлим ва болоравии ҳарорати миёнаи замин, бахусус, ба обшавии бесобиқаи пиряхҳои қаторкӯҳҳои Ҳиндукуш, Ҳимолой ва Помир овардааст.
Вай гуфт, аз 13 ҳазор пиряхе, ки ҳанӯз дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон сабт шуда буданд, тақрибан 30% аз миён рафтаанд.
Глава ГУП Жилищно-коммунальное хозяйство Таджикистана Джамшед Табарзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.02.2021
Табарзода гуфт, имсол нархи об боло намеравад, ҳарчанд хароҷоти корхонаро намепӯшонад
“Ҳарчанд аксари ин пиряхҳо хурд буданд, аммо забонаи пиряхҳои бузург кӯтоҳ мешавад ва масофаашон коҳиш меёбад. Ин як хавфи ҷиддӣ дорад, ҳам ба кишвари мо, ҳам кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳам кишварҳое, ки сарчашмаи обии онҳо пиряхҳоянд. Ба болои ин, соли гузашта бориши барф 40% камтар аз меъёри муқаррарӣ буд. Захираи барфӣ ҳам дар кӯҳистони мо кам шудааст”, - гуфт Фарҳод Раҳимӣ.
Президенти Академияи улуми Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, пеш омадани чунин фоҷиаҳо дар таърихи минтақа бесобиқа нест. Вай гуфт, он чӣ таърих ривоят мекунад, дар асрҳои 10 – 11 мардуми Осиёи Марказӣ аз гармшавӣ ва беобӣ ба Сибир кӯч баста буданд.
“Таҳқиқоте, ки дар китоби “Тоҷикони Сибир” анҷом шудаанд, ривоятҳои ҷолиберо дар ин боб ба даст медиҳанд. Масалан, дарёи Об ҳамон “об” ва ё Енисей “Аниса” – и тоҷикиянд.
Ё катибаҳои рӯи қабрҳое, ки дар Сибир пайдо ва дар қайроқсангҳо ҳак шудаанд, бо сураи Қуръон шуруъ ва бо матни тоҷикӣ хатм мешавад.
Масалан, дар онҳо навишта шудааст, ки “фалонӣ, фарзанди фалонӣ, руҳаш шоду макони охираташ ҷаннат бод”, - гуфт Фарҳод Раҳимӣ.
Ледник Федченко на Памире - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.02.2021
Барои омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон беш аз 25 миллион сомонӣ ҷудо шуд
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, соли 2019 дар як ҷаласаи ЮНЕСКО (Созмони маориф, илм ва фарҳанги СММ) пешниҳод карданд, ки Бунёди байнулмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис ёбад.
Ба қавли Президенти Академияи улуми Тоҷикистон, корҳои муқаддамотии эҷоди чунин як бунёд дар Тоҷикистон шуруъ шуда, аз сӯи академия консепсияи он таҳия шудааст ва ҳоло дар баррасии вазорату идораҳои зидахл қарор дорад.
“Пас аз ниҳоӣ ва таъйид шудан ин консепсия ба созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ пешниҳод хоҳад шуд”, - гуфт Фарҳод Раҳимӣ.
Тибқи иттилои расмӣ, ҳудуди 65% - и оби минтақаи Осиёи Марказӣ аз куҳҳои Тоҷикистон ҷорӣ мешавад, ки манбаъи асосии он пиряхҳо мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0