00:53 09 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.50
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
91210

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд дар бораи тақсими марз бо Қирғизистон иттилоъ дод, ки коммисияи байниҳукуматӣ шурӯъ аз моҳи марти соли ҷорӣ ба кори худ оғоз мекунад

ДУШАНБЕ, 17 фев – Sputnik. Раиси вилоят зимни нишасти хабарияш гуфт, баъди ташкил шудани кобинаи нав дар ҳукумати ҳамсоякишвар, комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон сар аз моҳи март ба кори худ дар масъалаи тақсими марз шурӯъ мекунанд.

Раҷаббой Аҳмадзода дар посух ба суоли рӯзноманигорон тавзеҳ дод, ки кадом шаҳру навоҳии Суғд бо кишвари Қирғизистон чанд километр ҳамсарҳад ҳастанд.

“Шаҳрҳои Исфара зиёда аз 136 километр, Конибодом 46 километр, ноҳияҳои Ҷаббор Расулов 51 километр, Деваштич 62,2 километр ва Кӯҳистони Масчоҳ 169, 8 километр бо Қирғизистон ҳамсарҳад мебошанд”, - гуфт ӯ.

Раиси вилояти Суғд дар бораи нақши Ворухи Исфара таъкид кард. Ӯ қайд намуд, ки ин минтақаи наздимарзӣ ҳеҷ вақт анклав набуд ва роҳе, ки ин ҷамоати наздимарзиро ба марзкази шаҳр мепайвандад, таърихан ба тоҷикон тааллуқ дорад ва ба иттилои ӯ ҳоло дар ин минтақаи ҳаммарз бо Қирғизистон ҳудуди 40 ҳазор аҳолӣ ба сар мебаранд.

“Мо бо қирғизҳо дар ҳамсоягӣ зиндагӣ мекунем ва ин оин асрҳо ба ин тараф пойбарҷост. Комиссия дуҷониба сари тақсими марз кор мекунанд мо як ваҷаб заминамонро ноҳақ ба касе намедиҳем ва ягон ваҷаб замини бегона ҳам ба мо лозим нест”, - иброз намуд Аҳмадзода.

Раиси вилояти Суғд гуфт, ҳоло вазъи марз ором аст ва таҳти назорати мақомоти ду кишвар қарор дошта, ҳар нафаре, ки қоидаҳои марзро вайрон мекунад дар доираи қонунҳои амалкунанда аз сӯи мақомот чораҷӯи сурат мегирад.

Тоҷикистону Қирғизистон 978 километри марзи муштарак доранд, ки то имрӯз танҳо 520 километри он таъину аломатгузорӣ шудааст.

Барчаспҳо:
комиссия, Қирғизистон, Раҷаббой Аҳммадзода, марз, Суғд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ