19:02 06 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.50
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
166021

Блогерҳои Тоҷикистон бояд то 1 апрел ба Кумитаи андози кишвар дар бораи фаъолияташон эъломия пешниҳод кунанд, дар сурати ғайр, кумита чора мебинад

ДУШАНБЕ, 18 фев— Sputnik. Намояндагони Кумитаи андози Тоҷикистон имрӯз дар рафти нишасти матбуотӣ қазияи андозбандии блогерҳоро дар Тоҷикистон тавзеҳ доданд ва таъйид карданд, ки дар ҳақиқат дар Тоҷикистон ин намуди фаъолият низ андозбандӣ хоҳад шуд.

Бино бар иттилои Шамсулло Кабирзода, сарвари Сарраёсати маъмурикунонии андозҳои Кумитаи андоз кормандони ниҳод аллакай фаъолияти блогерҳоро дар Тоҷикистон омӯхтаву ба хулоса омадаанд, ки ин онҳоро метавон ба рӯйхати андозсупорандагон шомил кард.

"Тибқи талаботи Кодекси андоз, дақиқтараш моддаи 98, ҳамагуна фаъолиятҳо, ҳама гуна даромадҳо ва манфиатҳое, ки шахсони воқеӣ мегиранд, новобаста аз намуди фаъолият, маҳалли фаъолият, таҳти андозбандӣ қарор дода мешавад", - тавзеҳ дод вай.

Ба гуфтаи Кабирзода, тибқи таҳлилҳое, ки Кумитаи андоз анҷом додааст, "шахсони алоҳида каналҳои худро мекушоянд, тавассути паҳн кардани ғоя, андеша ва ғайра даромад ба даст меоранд".

"Бинобарин таҳти андозбандӣ қарор додани блогерҳо, ягон ҷои нофаҳмӣ надоранд", - таъкид кард ҷаноби Шамсулло.

Ҳамин тавр, тибқи таҳлилҳои кумита фаъолияти 29 канал ошкор шудааст, ки шумораи тамошобинони он аз 3 то 19 миллионро ташкил медиҳад.

Феълан кумита ба соҳибони ин каналҳо огоҳинома додааст, ки то 1 апрел эъломи худро ба мақомоти андоз пешниҳод кунанд.

"Мо танҳо огоҳӣ додем, ки худашонро дар мақомоти андоз ба қайд гиранд. Мӯҳлат то барои шахсони воқеӣ то 1 апрел аст", - тавзеҳ доданд намояндагони кумита.

Духтарчаи шашсолаи рус ба даҳгонаи сарватмандтарин блогерҳо шомил шуд

Шамсулло Кабирзода дар посух ба суоли он ки даромади ин блогерҳо чанд пулро ташкил мекунад, изҳори бехабарӣ кард ва гуфт, ки "агар лозим шавад, муайян мекунем".

Феълан танҳо огоҳинома додем, дар сурати акс, чораҷӯӣ мекунем, афзуданд намояндагони кумита.

Барчаспҳо:
андоз, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ