Кумита афродеро, ки дар Тоҷикистон аз “биткойн” пул кор мекарданд, андоз баст

© Sputnik / Алексей Даничев / Гузариш ба медиабонкБиткойн -криптовалюта
Биткойн -криптовалюта  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.02.2021
Обуна шудан
Кумитаи андоз эълон кардааст, ки дар Тоҷикистон ҳудуди 60 нафар дар вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе ба кор кардани “биткойн” ё криптоасъор машғул буданд
ДУШАНБЕ, 18 фев— Sputnik. Шамсулло Кабирзода, сардори сарраёсати маъмурикунонии андозҳои Кумитаи андози Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ таъкид доштааст, ки зимни корҳои таҳлилливу назораии Мақомоти андоз дар якҷоягӣ бо дигар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ муайян намуданд, ки шумораи муайяни шахсони воқеъи ва ҳуқуқӣ ба истеҳсоли ҳамин шакли асъор машғул буданд.
Вай гуфт, аз ҳудуди 60 нафар дар Тоҷикистон ба дарёфти "биткойн" машғули фаъолият ҳастанд.
“Дар гурӯҳҳои кории байни идоравӣ ин гуна ҳолатҳое ошкор шуд. Аз ҷумла дар вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе ин ҳолатҳо ба қайд гирифта шуд. Дар доираи гурӯҳи корӣ нисбати ин субъектҳо чораҷӯи дар доираи талаботи қонунгузорӣ гардида истодааст”, - гуфт Шамсулло Кабирзода.
Вай ҳамчунин таъкид дошт, ки аз ҷониби Кумитаи андоз албатта дар доираи салоҳият, шумораи дастгоҳҳоие, ки ба истеҳсоли ҳамин намуди асъор истифода мешаванд зиёда аз 500 адад ошкор карда шуд.
Вай гуфт, ашхосе, ки маблағҳои уҳдадории андозӣ, доштанд ҳисоб карда шудааст ва аз ҷониби ин ашхос ба буҷет пардохт мешавад.
Кибербезопасность, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.01.2021
Криптоасъордорони тоҷик ба давлат 4 миллион сомонӣ зарар расондаанд – видеои ВУД
Криптоасъор ё пули рақамӣ соли 2008 пайдо шуд ва то чанд соли гузашта бисёриҳо онро ба эътибор намегирифтанд ва мегуфтанд, ки шояд василаи роиҷи муомила нашавад, аммо сол ба сол истифода аз он густариш меёбад.
Ҳоло бархе аз мағозаву ширкатҳо аз ин навъи пул дар кишварҳои Ғарб истифода мебаранд. Теъдоди соҳибони пули рақамӣ дар ҷаҳон мушаххас нест, вале аз назари баррасии мавзуъ дар шабакаҳои иҷтимоӣ маълум мешавад, ки дар Тоҷикистон ҳам бархе ба ин гуна пул алоқамандӣ зоҳир мекунанд.
Мақомот мегӯянд, ки биткойн дар қонунгузории Тоҷикистон ҳамчун воситаи муомилот эътироф нашудааст ва ҳамагуна муомилаҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳатман бо сомонӣ сурат мегиранд.
Қаблан нозирони андози Суғд ҳам пули рақамиро "хавфнок ва монеи пешрафти ҷомеа" номиданд.
Ёдрас мешавем, ки соли гузашта дар шимоли Тоҷикистон чаҳор нафарро барои “истихроҷ” ва ё мусоидат дар додугирифт бо пули рақамӣ, ба мисли “биткойн” дастгир кардаанд.   
То ҳол рӯшан нест онҳо ба надодани андоз аз даромади додуситад бо пули рақамӣ гунаҳкор мешаванд ё дуздии ҳазорон киловат нерӯи барқ, ки компютерҳо барои ҳифзу рамзгузории пули рақамӣ истифода мебаранд.
Пулҳои рақамӣ аз ҷумла “биткойн” сол ба сол роиҷтар мешаванд ва дар баъзе кишварҳо дар муомилот ба кор меравад. Арзиши як биткойн ҳоло тақрибан 51 ҳазор доллар аст.
Лентаи хабарҳо
0