23:09 27 феврали 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.69
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
497 0 0

Додгоҳи олии Тоҷикистон Бо ҳукми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ду аъзои гуруҳи Раҳимов Абдулло бо лақаби “Мулло Абдулло”-ро барои ыиноятщои дар солщои навадум содиркардаашон равонаи зиндон кард

ДУШАНБЕ, 18 фев— Sputnik. Тибқи иттилои   Прокуратураи генералии Тоҷикистон додгоҳ Латипов А.А. ва Нозиршоев М.А-ро бо ҷурми ҳуҷум ба шаҳрвандон ва ташкилотҳо тайи солҳои 1996 то 2001 барои 19 солӣ равонаи зиндон кард.

 Ба иттилои манбаъ, тафтишоти пешакӣ марбут ба парвандаи ҷиноятии мазкур мусаллам сохт, ки айбдоршавандагон Латипов А.А. ва Нозиршоев М.А. соли 1996 ба гурӯҳи мусаллаҳи устувори Раҳимов Абдулло бо лақаби “Мулло Абдулло”, ки дар ҳудуди ноҳияи Нуробод бо мақсади ғаразнок ва ниятҳои нопок, ки аз ҳуҷум ба шаҳрвандон ва ташкилотҳо зоҳир мегардад шомил гардида, то соли 2001 дар ин гурӯҳ ҷиноятҳои вазинину махсусан вазнинро содир намудаанд.

Додгоҳ Дона Набиеви 81-соларо 7 сол зиндон кард: ВКД шарҳ дод

  Манбаъ мегӯяд, моҳи майи соли 1999 шаҳрванд Наҷмуддинова С.С. аз ҳиссиёти рашк, ба назди Раҳимов Абдулло, ки он ҷо аъзоёни фаъоли гурӯҳи мусаллаҳи устувори мазкур Нозиршоев М.А., Зумрадов Р.М., Нақибов З.У. Бободжанов Ф.И бо лақаби “Файзи чӯлоқ” ва дигарон фаъолият доштанд омада, нисбати муносибатҳои маҳрамонаи шавҳараш Ғаниев М.А. бо сокини деҳаи Ҳасандараи ҳамин ноҳия Саъдуллоева Ш. А. муроҷиат намудааст.

Минбаъд, Бободжанов Ф.И. дар шарикӣ бо Латипов А.А. ва дигар аъзоёни гурӯҳи мусаллаҳи устувор Ғаниев М.А.-ро ба сифати гаравгон ғасб ва дастгир намуда, муддати зиёда аз 15 рӯз дар қароргоҳи муваққатиашон, воқеъ дар деҳаи Лайрони ноҳияи Нуробод ғайриқонунӣ нигоҳ дошта, мунтазам мавриди лату кӯб ва азобу шиканҷа қарор медоданд.

Гуфта мешавад, онҳо бо мақсади ғаразнок аз падари Ғаниев М.А. - Ғаниев Абдурасо ҳамчун шарти озод кардани гаравгон маблағҳои калони пулӣ ва молу амвол талаб намудаанд.

Додситонӣ мегӯяд, Латипов А.А. тахминан соли 2002 бо мақсади аз ҷавобагарии ҷиноятӣ дур шудан ба Федератсияи Россия фирор намуда, то моҳи октябри соли 2010, яъне то барҳам хурдани гурӯҳи мазкур ва безарар гардонида шудани Раҳимов А. интизори фармонҳои охирон ва дигар аъзоёни гурӯҳ шудааст.

"Илҳом Командир" ба 9 соли зиндон маҳкум шуд

Ахиран бо ҳукми Додгоҳи олӣ аз 12 феврали соли 2021 Латипов А.А. ва Нозиршоев М.А. бо моддаҳои 110 қисми 3 банди “а”, 181 қисми 3 бандҳои “а,б” ва 186 қисми 2 гунаҳгор дониста шуда, ба муҳлати 19 солӣ ба зиндони низомаш сахт маҳкум шудаанд.

Барчаспҳо:
ҳукм, Додгоҳи олӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ