01:27 03 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.60
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
351 0 0

Раисҷумҳури Тоҷикистон бо дабири кулли СААД ба самтҳои афзалиятноки раёсати Тоҷикистон дар СААД таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, нақшаи мувофиқашудаи амалиётро барои давраи оянда тасдиқ карданд

ДУШАНБЕ, 18 фев— Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон президенти кишвар имрӯз бо дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Станислав Зас, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, дидору гуфтугӯ кард.

Тибқи иттилои манбаъ зимни суҳбат Эмомалӣ Раҳмон ба самтҳои афзалиятноки раёсати Тоҷикистон дар СААД таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, Нақшаи мувофиқашудаи амалиётро барои давраи оянда тасдиқ карданд.

“Дар ин зимн корҳои анҷомдодаи Котибот дар самти омодасозии нақшаи мазкур ва хулосаи афзалиятҳои раисии Тоҷикистон бо ташаббусҳои сарони давлатҳои аъзои Созмон, ки дар иҷлосияи декабрии Шӯрои Амнияти Дастаҷамъии соли гузашта садо дода буданд, таъкид карда шуд”, - қайд кардааст манбаъ

Ҳамзамон дафтраи матбуоти расиҷумҳур зикр кардааст, ки дар идомаи сӯҳбат ҷонибҳо вазифаҳои имрӯзаи Созмон ва баъзе масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалиро баррасӣ карданд.

Дар навбати худ, роҳбари Тоҷикистон аҳамияти таҳкими ҳамкориҳоро дар доираи СААД барои муборизаи судманд бо тамоюлҳои паҳншавии ғояҳои радикалии харобиовар дар минтақаи масъулияти Созмон, инчунин мубориза бо киберҷиноятҳо ва дигар амалҳои ғайриқонунии истифодаи технологияи иттилоотӣ —  коммуникатсиониро махсус қайд кардааст.

“Дар ин баробар муҳимияти пурзӯр намудани корҳо барои татбиқи Қарори Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ “Дар бораи рӯйхати тадбирҳои иловагӣ оид ба паст кардани ташаннуҷ дар минтақаи сарҳадии Тоҷикистону Афғонистон” барои таҳияи масъалаи қабули Рӯйхати ягонаи ташкилотҳое, ки дар сиғаи СААД террористӣ шинохта шудааст, таъкид гардид”, - гуфт манбаъ.

Ҳамзамон ҳангоми баррасии масъалаҳои рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ ба мураккабшавии вазъи Афғонистон, инчунин ба тамоюли афзоиши таҳдидҳои глобалии терроризм, экстремизм, шаклҳои гуногуни радикализм ва ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, таваҷҷӯҳи махсус зоҳир гардид.

Дар ин робита Эмомалӣ Раҳмон таҳкими нерӯи СААД-ро барои муборизаи самаранок бар зидди хатарҳо ва таҳдидҳои амниятӣ зарур шумурданд.

Барчаспҳо:
амалиёт, Дабири кулли СПАД, таваҷҷӯҳи аслӣ, СААД, мулоқот, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ