23:44 28 феврали 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.69
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
46301

Дар Бохтар наметавонанд чор сол инҷониб сохтмони як боғро оғоз кунанд. Яке аз сабабҳои мушкилие, ки дар сохтмони боғ пеш омадааст, ҳанӯз надоштани иҷозаи сохтмон будааст

ДУШАНБЕ, 18 фев— Sputnik. Дар Бохтар сохтмони як боғи бузургро, ки ҳанӯз чор сол пеш ба нақша гирифта шуда буду раисҷумҳур ба он санги асос низ гузошта буд, наметавонанд оғоз кунанд.

Ба сохтмони боғи фарҳангию фароғатӣ ва маҷмаъаи варзишии шаҳри Бохтар соли 2016 президент Эмомалӣ Раҳмон санги асос гузошта буд.

Он замон гуфта мешуд, ки боғи мазкур ва маҷмаъе, ки дар инҷо сохта мешавад дар Осиёи Миёна назир надорад.

Дар ин бора рӯзноманигорон дар рафти нишасти матбуотӣ аз раиси шаҳр Сиҷоуддин Саломзода пурсон шуданд.

Номбурда, далели мушкилии асосиро дар тасдиқ нашудани санадҳои он арзёбӣ кард.

“Соли 2016 санги таҳдоби боғи фарҳангӣ ва маркази хизматрасонӣ бо ҷудо кардани 48 гектар замин гузошта шуда буд. Тибқи нақшаи генералии шаҳр, ки то соли 2035 тасдиқ шуда буд, албата ба анҷом расонида мешавад. Дар инҷо бисёр омилҳо ҳаст, ки мо сохтмонро оғоз карда наметавонем", - таъкид кард раиси шаҳр.

Дар Бохтар беш аз 200 банкомат ҳаст, вале пул надоранд

Яке аз ин омилҳо ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо дар мавриди ҷудо кардани қитъаи замин аст, ки кораму обиянд. Моҳи феврали соли ҷори ҳуҷҷатҳоро аз нав омода карда ба ҳукумат ирсол кардаем. Дар ҳолати тасдиқ шудани ин санадҳо сохтмон оғоз карда мешавад, афзуд вай.

Ба гуфтаи раиси шаҳр, ба делели кам будани заминҳои кишоварзӣ дар кишвар, барои ин ё он сохтмон иҷозаи ҳукумати ҷумҳурӣ зарур мешавад. Бе иҷоза, ҳеч кас ҳақ надорад заминро ба ин ё он мақсад ҷудо кунад.

Барчаспҳо:
боғ, санги асос, президент, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ