18:23 25 феврали 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.83
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
410 0 0

Ҷаласаи нуҳуми Шӯрои ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ба таври маҷозӣ баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Бино бар иттилои Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, Ҳайати кишварро дар ин ҷаласа Вазири умури хориҷа Сироҷиддин Муҳриддин ва Иттиҳоди Аврупоро Вазири корҳои хориҷии Португалия Аугусто Сантос Силва роҳбарӣ карданд.

Гуфта шудааст, ки рӯзномаи нишаст ҷанбаҳои калидии ҳамёрӣ ва ҳамкории Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо, масоили сиёсӣ ва иқтисодӣ ва мавзӯъҳои байналмилалию минтақавиро дарбар гирифт.

“Ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои таҳкими ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупоро дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, обу энергетика, амният, мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ, ҳуқуқи инсон ва ҳамкории минтақавӣ батафсил баррасӣ карда, перомуни мавзӯоти байналмилалӣ табодули андеша намуданд”, - таъкид доштааст ВУХ-и Тоҷикистон.

“Худатон рафта, бинед!” Пойгоҳи низомии Чин дар Тоҷикистон ҳаст ё нест?

Ҳамзамон зикр шудааст, ки ҳайатҳо бо қаноатмандӣ аз натиҷаи ҷаласаи 9-ми Шӯрои ҳамкорӣ омодагии худро барои пайгирии масъалаҳои матраҳшуда ва таҳкими тавсеаи доираи ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба таъкид доштанд.

Барчаспҳо:
амният, иқтисод, ҳамкорӣ, Аврупо, байниҳукуматӣ, шӯро, ҷаласа, Иттиҳодияи Аврупо, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ