11:56 27 феврали 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.69
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
513 0 0

Прокуратураи вилояти Хатлон 272 қарори раисони шаҳру ноҳияҳои вилоятро бекор кардааст

ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Ба нақл аз сомонаи "Фараж",  Ҷаббори Ғаффор, раиси ноҳияи Шаҳритус ахиран  зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ додааст, ки дар соли 2020-ум прокуратураи вилояти Хатлон 272 қарори раисони шаҳру ноҳияҳои вилоятро бекор кард.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook

Вай афзуд, аз ин шумор 69 –тоаш қарори худи ӯ будааст.

Раиси ноҳияи Шаҳритус таъкид дошт, ки 15 дарсади қарорҳои бекоршуда дар вилояти Хатлон қарорҳои худи ӯ будааст.

“Боқии қарорҳои бекоршуда аз соли 2015-ум то инҷониб, ки собиқ раисони ноҳия имзо карданд, ба ҳисоб мераванд”, — илова кард раиси ноҳия.

Парвандаи ҷиноӣ алайҳи раис ва барқчии бозори марказии Шаҳритус баъди сӯхтор

Дар ҳамин ҳол, Прокуратураи вилояти Хатлон итилоъ додааст, ки соли 2020-ум дар вилояти Хатлон аз ҷониби кормандони Прокуратураи вилоят 272 қарори раисони шаҳру ноҳияҳо бекор карда шудааст, ки бештараш ба қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳои Қубодиён, Шаҳритус ва Кӯлоб рост меояд.

Барчаспҳо:
Хатлон, бекор кардан, қарор, раис, Шаҳритус, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ