12:50 02 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.62
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
68 0 0

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст, ки дар вилояти Хатлон ва ВМКБ марказҳои касбомӯзӣ барои ҷавонон сохта ва бо инфрасохтори зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида мешавад, ки ин барои соҳибкасб намудани ҷавонон дар кишвар мусоидат менамояд

ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Ахиран вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Ширин Амонзода бо директори Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон, Сидиқзода Шералӣ мулоқот намуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ин ниҳод.

Бино бар иттилои манбаъ, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муштараки ҳамкорӣ, тақвияти фаъолият дар самти рушди инфрасохтори зарурӣ ва татбиқи амалии лоиҳаи “Таҳкими устувории иҷтимоӣ - иқтисодӣ”- ро мавриди муҳокимаи корӣ қарор доданд.

Ҳамзамон қайд шудааст, ки дар доираи ҳамкориҳои муштараки Вазорат бо Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистону Бонки умумиҷаҳонӣ дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, М.А. Ҳамадонӣ, Фархор ва Панҷи вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Ванҷ, Шуғнон ва Ишкошими ВМКБ марказҳои касбомӯзӣ барои ҷавонон сохта ва бо инфрасохтори зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида мешавад.

Амонзода: дар соли 2020 муҳоҷирати меҳнатӣ 76 дарсад кам шуд

Зикр шудааст, ки ин марказҳои касбомӯзӣ барои соҳибкасб намудани ҷавонон дар кишвар мусоидат хоҳад кард.

Барчаспҳо:
ҷавонон, ВМКБ, Хатлон, Тоҷикистон, марказ

Мавзӯъҳои асосӣ