15:39 06 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.50
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
766 0 0

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз Созмони ҷаҳонии беҳдошт барои кумакҳои бедареғаш дар мубориза бар зидди коронавирус изҳори сипос кард

ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода бо сарвари нави Намояндагии Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар Тоҷикистон Виктор Олсавски мулоқот  кард.

Бино бар иттилои афтари матбуоти КҲФ-и Тоҷикистон, нахуст дар ҷараёни мулоқот раиси Кумита Виктор Олсавскиро ба муносибати ба ин вазифаи пурмасъулият таъин шуданаш муборакбод кард ва ба Созмони ҷаҳонии беҳдошт барои кумакҳои бедареғаш дар мубориза зидди коронавирус дар соли 2020 изҳори сипос намуд.

“Дар доираи мулоқот ба Кумита 10 адад монитор барои чен кардани якчанд параметрҳои физиологӣ, ба монанди: электрокардиограмма, набз, фишори хун, ҳарорати бадан ва 15 адад портативи функсионалӣ ва ғайра супурда шуд”, - қайд кардааст манбаъ.

Ҳамзамон зикр карда шудааст, ки раиси КҲФ аз ин кумак изҳори сипос кард ва таъкид намуд, ки ин таҷҳизотҳо дар ҳолатҳои зарурӣ барои беҳтар намудани сифати санҷишҳо ва амалиётҳо истифода хоҳанд шуд.   

Виктор Олсавски ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо миёни Созмони ҷаҳонии беҳдошт ва КҲФ дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода таъкид кард.

Барчаспҳо:
изҳори сипос, кумак, вируси корона, мубориза, СҶБ, КҲФ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ