Тағйироти кадрӣ дар ҲХДТ дар вилояти Суғд

© Sputnik / Михаил ВоскресенскийПустое кресло
Пустое кресло - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.02.2021
Обуна шудан
Ахиран дар вилояти Суғд маҷлиси ҳисоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik.  Дар маҷлиси мазкур дар баробари ҳисобот Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  ҳамзамон тағйироти кадрӣ ба ҳайати кумитаи иҷроияи ва Раёсати кумиҷроияи вилоятӣ ворид гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.
Фозил Обидов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.12.2020
Обидов раиси фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагон интихоб шуд
Бино бар иттилои манбаъ, Мадина Салимзода муовини раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва Абдусабур Абдуваҳҳобов сармуҳаррири нашрияи “Сухани халқ” таъин гардиданд.
Ҳамзамон зимни ҷаласа таъкид гардид, ки алҳол дар вилоят дар 1365 ташкилоти ибтидоии кумитаҳои иҷроияи шаҳру ноҳияҳои вилоят 150 ҳазору 595 нафар аъзои ҲХДТ ба қайд гирифта шудааст.
Раҷаббой Аҳмадзода зимни ҷаласаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қайд кардааст, ки фаъолияти густурдаи Ҳизб дар ҳама самтҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки он бо ғояҳои тоза ва стратегияҳои судманд вориди ҷомеаи муосири тоҷик шуда, манфиатҳои мардумро ифода мекунад.
Ҳамзамон дар кори маҷлис Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар оид ба фаъолияти ҲХДТ дар вилояти Суғд дар соли сипаришуда ҳисобот дод.
Тибқи иттилои Исмоилзода Зуфар дар давраи ҳисоботӣ аъзои ҳизб 4948 нафар зиёд гардида, ба 150 ҳазору 595 нафар расид. Аз ин шумора 84 ҳазору 284 нафарро занон ва 57 ҳазору 425 нафарро ҷавонон ташкил медиҳанд.
Лентаи хабарҳо
0