20:32 04 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.61
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
573 0 0

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво абрнок ва тағйирёбанда шуда, борон меборад. Дар бархе минтақаҳо бориши барф дар назар аст

ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок ва тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои ғарбии вилоят бориши борон ва барф дар назар аст.

Дар баъзан ҳолатҳо боришот бошиддат ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳои шарқии вилоят барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад.

Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва  рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона аз 14-19 то  20-25 ва рӯзона  4-9 дараҷа  хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  абрнок ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борон меборад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ боридани борон ва барф дар назар аст.

Шамол  аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 1+6 ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм  мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво абрнок ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда шуда,  дар ноҳияҳои алоҳида борон меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад.

Ҳаво дар водиҳо шабона 5+10 ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ҳаво шабона  2+7 дараҷа гарм ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок ва  дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда шуда, дар водиҳо борон меборад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши борон ва барф ба амал меояд.

Борону барф меборад: ҳушдори обуҳавошиносон аз сардиҳои наздик баъди гармӣ дар Тоҷикистон

Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 3+8 ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 3 дараҷа  хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона  5+10 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ҳолатҳо борон меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона  4+6 ва рӯзона 14+16 дараҷа гарм мешавад.

Мавзӯъҳои асосӣ