19:58 06 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.50
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
732520

Дар Тоҷикистон як озмуни нав баргузор мешавад. Онро президент эълон кард ва барои баргузории озмун аз фондаш бештар аз 2 миллион сомонӣ ҷудо кард

ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Амри президенти Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни "Илм - фурӯғи маърифат" аз 11 феврал аст, ки онро имрӯз дафтари матбуоти президент нашр кардааст.

Тавре дар амри мазкур гуфта мешавад, мақсад аз баргузории он рушди фанҳои дақиқ дар кишвар аст.

"Ҷиҳати рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, дарёфти истеъдодҳои нав дар ин самт, ҳамасола озмуни ҷумҳуриявии "Илм-фурӯғи маърифат" баргузор карда шавад", - омадааст дар амри раисҷумҳур.

Чанде аз ниҳодҳои кишвар, аз ҷумла Академияи илмҳо, Вазорати маориф, Вазорати саноат ва ғайраҳо мутасаддии баргузории озмун шудаанд.

"Вазорати молия аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президент, ки барои соли 2021 пешбинӣ гардидаанд, ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ кардани чорабинии мазкур 2 345 000 (ду миллиону сесаду чилу панҷ ҳазор) сомонӣ ба таври нақд ҷудо намояд", - омадааст дар амр.

Аҳсан, Раъно: президент хулосаҳояшро аз баргузории озмуни "Фурӯғ" гуфт

Ҳамчунин шаҳрдориҳо ва ҳукумати вилояту шаҳрдории пойтахт ӯҳдадор шудаанд, ки сокинонро ба озмун ҷалб ва ғолибонро бо тӯҳфаҳо ҳавасманд кунанд.

Ёдрас мешавем, раисҷумҳур дар бораи баргузор кардани ин озмун ҳанӯз вақти ироаи паёмаш охирҳои моҳи январ дастур дода буд.

Мавзӯъҳои асосӣ