10:16 25 феврали 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.16
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
355 0 0

Дар ҷонуби Тоҷикистон тақсимоти кӯмаки озуқавории Русия байни хонаводаҳои осебпазир сар шудааст

ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Барномаи ҷаҳонии озуқавории СММ (WFP) бо дастгирии молии Федератсияи Русия ба тақсими озуқавории иборат аз орди витаминдор ва равған ба хонаводаҳои осебпазири мактабхонҳои вилояти Хатлон сар кардааст.

"То охири моҳ  ҳамчунин кӯмак ба хонаводаҳои хонандагон аз Суғд, ВМКБ, шаҳри Роғун ва водии Рашт расонида мешавад. Ин кӯмак баъди ҷудо кардани 1 миллион доллар аз ҷониби Русия ба фонди БҶО имконпазир гардид", - хабар медиҳад дафтари матбуоти ВКХ Русия. 

Ба ин маблағ 1200 тонна орди гандум ва 50 тонна равған харидорӣ шудааст.

Қайд мешавад, ки ин захира барои як моҳ ба 22 ҳазор хонаводаи эҳтиёҷманд кофоягӣ мекунад.

Ин кӯмаки озуқаворӣ қисме аз Барномаи озуқавории мактабҳои Тоҷикистон аст, ки бештар аз 600 ҳазор хонандагони синфҳои 1-4 -и 2 ҳазор мактабҳои 52 деҳаву ноҳияҳои Тоҷикистонро фаро мегирад.

Хонандагони мактабҳо дар натиҷаи ҳамкории Барномаи ҷаҳони озуқаворӣ ва Русия бо хӯроки лазизу солими доимӣ таъмин мегарданд. 

Дар соли 2020 Русия ба БҶО 5 миллион доллар барои харидории 3 ҳазор тона орди гандум ва бештар аз 300 тонна равғани растанӣ барои мактабҳои Тоҷикистон ҷудо кардааст.

Россия выделила $1 миллион для помощи наиболее уязвимым школьникам Таджикистана
посольство РФ в РТ
Россия выделила $1 миллион для помощи наиболее уязвимым школьникам Таджикистана

Ғайр аз он, дар доираи мубориза бо COVID-19, БҶО  ба таври илова ба 24000 оилаи осебпазир, ки фарзандонашон баҳрабардори Барнома мебошанд, кӯмаки хӯрокаи яквақтаро пешниҳод намуд.

Ғайр аз таъмини ғизо, Барномаи ғизодиҳии мактабҳо инчунин ба навсозии техникии системаи ғизои мактаббачагони Тоҷикистон, аз ҷумла таҷдид ва сохтмони ошхонаҳои мактабӣ, нонвойхонаҳо ва гармхонаҳо мусоидат мекунад, ки Федератсияи Русия аз соли 2012 ба ин сӯ беш аз 28 миллион доллар ҷудо кардааст.

Кумаки Русия ба мактабҳои Тоҷикистон: равғани офтобпараст

"Солҳои зиёд аст, ки Русия дар ташкили системаи самарабахши ғизои мактабӣ дар Тоҷикистон мусоидат мекунад. Дар заминаи пандемияи коронавирус барои мо кӯмаки иловагии мақсадноки иловагӣ ба хонандагон ва оилаҳои онҳо, ки ба он бештар ниёз доранд, муҳим буд. Мо боварӣ дорем, ки ин на танҳо хӯроки онҳоро бойтар мекунад, балки ба муваффақиятҳои илмӣ мусоидат мекунад ", - гуфт сафири Русия дар Душанбе Игор Лякин-Фролов.

посольство РФ в РТ
Россия выделила $1 миллион для помощи наиболее уязвимым школьникам Таджикистана

Ба гуфтаи сафир, Русия шарики стратегии Тоҷикистон дар соҳаи кӯмаки башардӯстона мебошад. Аз соли 2005 инҷониб, ҳукумати Русия барои таъмини ғизо ба гурӯҳҳои осебпазири Тоҷикистон 83,5 миллион доллар ҷудо кардааст.

Мавзӯъҳои асосӣ