Пешгӯии ҳавошиносон барои имрӯз: борон меборад

© Sputnik / Амир ИсаевПлощадь Сомони в Душанбе
Площадь Сомони в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.02.2021
Обуна шудан
Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво абрнок ва тағйирёбанда шуда, борон меборад
ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik.  Тибқи иттилои Ожонси обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок ва тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои ғарбии вилоят бориши борон ва барф дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳои шарқии вилоят барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва  рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона 10-15 дараҷа хунук ва рӯзона  аз 3 дараҷа  хунук то 2 дараҷа гарм мешавад, хабар додааст “Ховар” аз қавли Ожонси ҳавошиносӣ.
Барфрезии шадид аз Осиё то Аврупо - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.02.2021
Барфрезии шадид аз Осиё то Аврупо: бадтарин вазъ дар Амрико - навор
Манбаъ афзуд, ҳаво дар вилояти Суғд  тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борон меборад. Шабона дар баландиҳои зиёда аз 2000 метр бориши сусти барф дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ ба амал меояд. Шамол  аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 1+6 ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм  мешавад.
Дар вилояти Хатлон  ҳаво тағйирёбанда шуда,  рӯзона дар ноҳияҳои доманкӯҳӣ борон борида, дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ ба амал меояд.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3+8 ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ҳаво шабона  0+5 дараҷа гарм ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок ва  дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда шуда, борон меборад. Дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ ба амал меояд.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 2+7 ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0+5 дараҷа гарм ва рӯзона  5+10 дараҷа гарм мешавад.
Дар  шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ҳолатҳо борон меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона  5+7 ва рӯзона 12+14 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0